Таҷҳизот оё ба яғмо рафт?

Ё куҷост эҳсоси масъулият?

Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз рафти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят, ки дар ҷаласаи фаъолони вилоят (15-уми декабри соли 2016) баён гардида буданд, ба шаҳри Конибодом сафар намудем. Инак, оид ба вазъи якчанд корхонаҳое, ки фаъолият надоранд, маводи худро пешкаши хонандагони рўзнома менамоем.

Аз маълумоти муовини раиси шаҳр оид ба саноат ва энергетика Ҳомидӣ Илҳом Мухтор аён гардид, ки дар шаҳр 49 корхонаи хурду калони саноатӣ мавҷуд буда, аз он 23 адад суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуда бошанд ҳам, 21 адад коргоҳ, ба монанди ҶС «Ресмон», ҶС «Ҳабиб», ҶС «Конибодоммаснуот» ва ҶДММ «Текс Трейд» дурнамои афзоишро таъмин карда натавонистанд.

Дар соли 2016 корхонаҳои ҶС «Конибодом», ҶДММ «Шоҳон», ҶДММ «Билол - груп», КМ «Ассор - Перм» фаъолият накарданд. Аз ин сабаб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои гузашта кам шуда, таъмини нақшаи буҷети шаҳр иҷро нагардид.

Бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо фаъолият, шароиту муаммоҳои коргоҳҳои саноатии шаҳр аз корхонаҳое боздид намудем, ки дар гузашта хеле номдор буданд. Вақте ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ресмон” (Фабрикаи ресандагӣ - бофандагӣ) рафтем, дарвозаи коргоҳ баста буд. Хостем, бо ҳолати дохили коргоҳ аз наздик ошно шавем, лекин афсўс ки на масъули коргоҳро пайдо карда тавонистему на назоратчии онро. Маълум шуд, ки корхона чандин сол инҷониб дарашро боз накардааст. Дару тирезаҳо бошанд, шикаставу парешон буданд. Вазъи коргоҳ ногувору ҳузнангез ба назар мерасид.

Вақте аз масъулин оид ба ҳолати ҷойдошта пурсон шудем, онҳо гуфтанд, ки аз таҷҳизот на ном ҳасту на нишон ва имрўз дар ин макон ягон намуд таҷҳизот дида намешавад.

Имрўз дар шаҳри Конибодом ҳамаи имконияту шароит ҳаст. Агар масъулин ин коргоҳро ба кор медароварданду он ба фаъолият шурўъ мекард, шояд чандин нафар сокинони шаҳр ба кор ҷалб мешуданду сафи муҳоҷирони меҳнатӣ кам мегардид. Ҳамчунин, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ сифатан беҳтару ғанитар мегашт.

 Агар ба ин корхонаи бузурги саноатӣ ягон роҳбари дилсўз сарварӣ мекард, шояд он ба ин ҳолат дучор намегардид. Бояд гуфт, ки коргоҳ соли 1943 таъсис ёфта, он соли 1998 ба Ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода шудааст. То соли 1990 шумораи умумии коргарон 1800 нафарро ташкил медод. Масоҳати умумӣ 4,2 гектар буда, масоҳати сехҳои истеҳсолӣ 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 5 ҳазор тонна коркарди нахи пахта мебошад. Коргоҳ то соли 2005-ум фаъолият намуда, ба Федератсияи Россия ва давлати Белорус маҳсулот интиқол менамуд. Аз соли 2006-ум то инҷониб бинобар набудани таҷҳизотҳои технологӣ ва канда шудани робитаҳои иқтисодӣ фаъолияташро боз доштааст.

Инчунин, Ҷамъияти саҳҳомии “Ассор” (Комбинати равғанбарории шаҳри Конибодом) соли 1961 таъсис ёфтааст. Он аз соли 1994 ба Ҷамъияти саҳҳомии “Ассор” табдил дода шудааст. Масоҳати умумии коргоҳ 14 гектар ва масоҳати сехҳои истеҳсолӣ 22 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ соли 1990 то 150 ҳазор тонна коркарди пунбадона ва шумораи кормандон 600 нафарро ташкил медод. Кунун фарогирии он ба 1-уми январи соли 2016-ум танҳо аз 36 нафар иборат мебошаду халос.

Дар сўҳбат масъулини соҳа фақат ҳаминро гуфтанд, ки чанд рўз пеш роҷеъ ба ин вазъ муовини Раиси вилоят изҳори нигаронӣ карда, дастуру супоришҳои мушаххас дода буд.

Бояд гуфт, ки барои ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз нав ба кор даровардани таҷҳизотҳо ташаббус, дилсўзӣ ба кори умум, кордонӣ лозим аст. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол коргоҳ асосан ба ашёи хом ниёз дошта, дар ҳолати таъмин гаштан бо ашёи хом метавонад, қисман фаъолиятро хубтар ба роҳ монда, бамаротиб истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд.

 Коргоҳи консервбарории шаҳри Конибодом бошад, соли 1924 таъсис ёфтааст. Он соли 1998 ба Ҷамъияти саҳҳомии “Конибодом” табдил дода шудааст. Масоҳати умумии коргоҳ 5,5 гектар ва масоҳати сехҳои истеҳсолӣ 16 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то соли 1990-ум 13 миллион қуттии шартӣ ва шумораи кормандон 700 нафарро ташкил дода, мутаассифона, ба санаи 1-уми январи соли 2016-ум 45 нафарро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки корхона солҳои гузашта бо иқтидори хеле назаррас фаъолият дошт. Имрўз бошад, он дар ҳолати басо нигаронкунанда қарор дорад. Аз ин коргоҳи ҳоло ақибмонда, ки боиси кам шудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар миқёси вилоят низ гардидааст, дидан кардем. Аз ҷониби сарвари коргоҳ гуфта шуд, ки аз сабаби маблағи гардишӣ надоштан, фарсуда гаштани таҷҳизотҳои технологӣ ва рақобатпазир набудани маҳсулот коргоҳ соли 2015 тамоман фаъолият накард.

Аз ҳолат ва вазъи коргоҳҳои истеҳсолӣ бояд хулосаҳои зарурӣ баровард. Роҳбарони корхонаҳои дар боло зикргардида барои бартараф намудани камбудиҳо, пешрафти кор ва беҳтаршавии сифати молу маҳсулот, инчунин аз роҳандозӣ мондани иқтидорҳои мавҷуда кору фаъолиятро хуб ба роҳ монда, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва он дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби Раиси вилоят дода шудааст, сари вақт ҳаллу фасл намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh