Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи металлургӣ ба шаҳри Истиқлол сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафар Раиси вилоят бо нақшаи схематикии минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол шинос шуд.

Тавре аён гардид айни замон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 130 нафар мутахассисон ва сохтмончиён машғули кор ҳастанд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки то ба ин дам 85 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст ва қисми зиёди таҷҳизоти зарурӣ низ ворид гардидааст.

Раиси вилоят дар сӯҳбат бо масъулин ва мутахассисон таъкид намуд, ки бояд корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот дар мӯҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.

Аз ҷониби мутахассисони чинӣ иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввали фаъолияти корхона аз 500 то 600 нафар коргарон ба кор қабул карда хоҳанд шуд. Дар ин росто ба масъулин дастур дода шуд, ки дар корҳои сохтмонӣ ва пас аз фаъолгардии корхона низ бояд бештар мутахассисон ва сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

Дар заминаи ин корхона инчунин дар оянда ҳамзамон боз корхонаҳои саноатии истеҳсоли оҳаксанг, қисмҳои эҳтиётӣ низ сохта ба истифода дода мешаванд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар ин минтақа барои кормандон  3 хобгоҳи замонавӣ  таъсис дода хоҳад шуд. Мавҷудияти хобгоҳ имкон медиҳад, ки кормандон бо манзили зист таъмин гардида, дар пешбурди фаъолияти корхона ҳиссаи арзанда гузоранд.

Аз минтақаи саноатӣ то маҳалли ашёи хом дар ҷамоати Зарнисор зиёда аз 9 километр роҳ  мавҷуд буда, наздик 2900метри он нақб мебошад. Аз ин рӯ,супориш дода шуд, ки бояд мумфаршкунии роҳ ва корҳои нақбканӣ бо сифати хуб анҷом ёбанд. Раиси вилоят ҳамзамон таваҷҷуҳи масъулинро ба ободониву сабзкории гирду атрофи корхона ҷалб намуд. Дастур дода шуд, ки бояд дар паҳлӯи роҳҳо ва атрофи корхона дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шаванд, ки он барои ободу зебо гардидани муҳити атроф мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки барои бунёди корхона моҳи апрели соли 2014 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд.  Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар доираи ҳамкориҳои самараноки ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Чин бунёд гардида, дар он бо истифода аз манбаъҳои табиӣ истеҳсоли металҳои сурбу руҳ ба роҳ монда мешавад.  Тибқи нақшаи муайянгардида дар марҳилаи аввали фаъолият дар корхона 50 ҳазор тонна сурб ва ҳамин миқдор руҳ истеҳсол карда мешавад. Корхонаи металлургӣ бо ҷалби сармоягузориҳои чинӣ ба маблағи 200 миллион доллари ИМА бунёд мегардад ва дар он наздик 1300 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мешаванд, ки 90 дарсади онҳо сокинони маҳаллӣ хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh