Абдураҳмон Қодирӣ сафири Белорус дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дирӯз, сешанбеи 20 декабр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун миёни Тоҷикистону Белорус беш аз пеш тақвият меёбанд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ нахуст аз иқдомҳои наҷиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аз  ҷумла таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ва дар заминаи он ташкили хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ маълумот дода, илова намуд, ки вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ барои ду ҷониб манфиатбахш хоҳад буд. Гуфта шуд, ки дар заминаи мактабҳои ронандагӣ, ки шумораашон дар вилояти Суғд кам нестанд, кушодани марказҳои омодасозии трактористон ва мутахассисони дар ҳамин самт фаъолиятбаранда ба манфиати кор хоҳад буд. Ба таъкиди Раиси вилоят омодасозии мутахассисони варзида дар соҳаи кишоварзӣ имрӯз дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.

Сафири Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар робита ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ андешаҳои худро баён дошт.

Дар мулоқот асосан ҷиҳати ташкили коргоҳ барои васлу насби техникаву таҷҳизоти трактор, ки қисмхои он аз Белорус оварда мешавад, таваҷҷӯҳ равона гардид. Зикр карда шуд, ки феълан дар ин самт корҳо оғоз гардида, дар ояндаи наздик самараи нек ба бор хоҳад овард.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон ҷонибҳо оид ба сафарбар намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба Белорус бо мақсади табодули таҷриба, ифтитоҳи марказҳои муштараки омодасозии мутахассисони баландпоя ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳ андешаронӣ намуданд. Тавре, ки қайд гардид кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Белорус дар доираи муносибатҳои дӯстона бар он равона шудааст, то  имокниятҳои мавҷуда самаранок истифода гардида, ҳамкориҳои судманд боз ҳам вусъат ёбанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
 

Add comment


Security code
Refresh