Раванди таъмини амнияти озуқаворӣ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бевосита бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, ки дорои аҳамияти муҳими стратегист, иқдомҳои зиёде роҳандозӣ шуда, самар мебахшанд.

Ва ин ҳадаф дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар низ ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи яке аз се ҳадафи миллии эълонгардида: таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ба таври равшан баён шудааст.

Феълан дар ҳудуди шаҳри Гулистон 5 корхонаи ордбарорӣ: Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Хубон”, “Чархи гандумин”, “Муфаззал”, “Зарфишон” ва “Фаровон-1”амал мекунанд. Тавре мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фазлиддин Орифов иттилоъ дод корхонаҳои номбурда дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бо нархҳои муқоисавӣ аз 133,6 то 259,4 фоиз таъмин намуданд. Теъдоди умумии кормандон дар коргоҳҳои ордбарорӣ 118 нафар буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ 1187,3 тоннаро ташкил медиҳад. Ҷоизи зикр аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶДММ “Фаровон-1” ду маротиба ташриф оварданд.

Корхонаҳои номбурда аз ягон намуди андоз қарз надоранд ва дар реҷаи муайян маблағро пардохт менамоянд. Баробари ин маблағҳои истифодаи қувваи барқ ва дигар навъҳои хизмати коммуналӣ сари вақт супорида мешавад.

Чунон, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд, ҷорӣ намудани техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон имкон фароҳам меоварад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазир мусоидат карда шавад.

Боиси хурсандист, ки роҳбарияти корхонаҳои номбурда  баробари саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ҳамчунин, ба табақаҳои нодори ҷомеа мадад мерасонанд.

Ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳои коркарди орд дар ҷаҳду талоши онанд, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои боз ҳам хуби истеҳсолӣ ноил гарданд. 

Рустамҷон ОДИЗОДА

Add comment


Security code
Refresh