Сертификати мутобиқат ва ё эътибор ба сифат?

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб мекунад, ки баҳри беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, ба хусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

                                                         Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016

Шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки аллакай ба он се сол мешавад, ба таври ҳамешагӣ водор месозад, ки корхонаву ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар самти тавлидоти молу маҳсулот ба сифати он, рақобатпазиру ҷавобгӯй буданашон ба меъёрҳои байналмилалӣ дар талошу такопӯй бошанду ҳамзамон, марҳала ба марҳала ҳаҷми ҳарчи бештари содироти хориҷии маҳсулотро муваффақ шаванд ва ба рушди соҳибкории устувор заминаи боэътимод гузоранд. Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар  мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ  ин масъаларо борҳо таъкид месозаду аз онҳо ворид кардани хатҳои муосири технологӣ, дар таҷҳизотҳои замонавии бо такя ба инноватсияю нанотехнологӣ сохта шуда ба роҳ мондани истеҳсолот: чи ғизоиву саноатиро тақозо мекунад.     

Мушоҳидаву таҳлилҳои ду соли охир дар истеҳсолоти вилояти Суғд, хушбахтона, аз он бозгӯӣ доранд, ки кӯшишҳои соҳибкорони минтақаи шимоли кишвар дар ин ҷода натиҷаи мусбӣ ба бор меоварад. Масалан, агар дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ содироти хориҷии номгӯйи маҳсулот аз вилоят асосан  дар шакли ашёи хому нимтайёр: аз қабили нахи пахтаву калобаҳои риштагӣ, матоъҳои либосворӣ, чарму пилла, хокаҳои маъдан,  консерваҳо, хушкмева, пиёз маҳдуд мешуда бошад ҳоло чунин нест. ҳар сол дар вилоят бо мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо коргоҳҳои хурду миёнаи тавлидотӣ табиист, ки номгӯйи маҳсулоти замонавии  бозоргир низ зиёд мешавад. Дар соли сипаришудаи 2015 аз вилояти Суғд содироти зиёда аз 30 номгӯй ба роҳ монда шуд, ки тақвияти гуфтаҳои боло мебошанд.

Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бешубҳа, аз ҷумлаи хадамотҳое маҳсуб меёбад, ки бо таври муассир дар беҳтаршавии сифати маҳсулоти ҷавобгӯй ба бозори ҷаҳонӣ замина гузошта, ба он мусоидат мекунад. Махсусан, дар ин самт  метавон фаъолияти шӯъбаи баҳодиҳии мутобиқат дар ин Марказро зикр кард, ки кормандони он ҳамеша дар талошанд ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ, тавлиди маҳсулоти сифатан аълои ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ нақши арзанда гузоранд.

 - То чи андоза рисолати мо дорои чунин масъулияти баланд доштанро, ки фарогир аз арзишҳои аз нангу номуси миллӣ ва обрӯву эътибор бошад, кормандони шӯъба ба хубӣ дарк мекунанд,- иброз медорад Тоҷиддин Шарифов, мудири шӯъбаи мазкур,- қабл аз он ки ин ё он соҳибкор-истеҳсолкунанда ҷиҳати дастрас кардани Сертификати мутобиқат ба мо муроҷиат мекунад, мутахассисони Марказ дақиқкоронаю мӯшикофона муоинаи таҷҳизоти истеҳсолӣ ва худи маҳсулотро аз рӯи талаботи стандартӣ ва сифат анҷом медиҳанд. Танҳо, пас аз комилан ҷавобгӯй будан ба ҳамаи меъёрҳои ҳуҷҷаттнигории байналмилалӣ чунин ҳуҷҷати тасдиқкунанда, яъне Сертификати мутобиқат дода мешавад.

-Аслан худи муроҷиати истеҳсолкунанда ба Маркази стандартӣ қадами нахустин ба он аст,- ки мегӯяд  Искандар Каримов, сармутахассиси шӯъба,- ӯ ба сифати баланди маҳсулоти коргоҳаш эътимод дораду масъулияти баланде эҳсос карда, бо дастрасии чунин ҳуҷҷат ӯ мехоҳад, ки  сифати баланди маҳсулоташро кафолат дода, муаррифии  шаффофи молашро дар ҷомеа роҳандозӣ кунаду пешкаши муштариён. Боиси ифтихор ҳам аст, ки имрӯз  кишвари мо оҳиста-оҳиста имконияти истеҳсолии худро самарабахш  вусъат бахшида, дар бозори байналмилалӣ мавқеъ пайдо мекунад.

Шӯъбаи баҳодиҳии мутобиқат дар Маркази стандартии вилояти Суғд соли 2015 дар маҷмӯъ ба истеҳсолкунандагон 1 ҳазору 140 адад Сертификати мутобиқат додааст, ки нисбат  ба соли 2014-ум 37 адад зиёд аст ва аз ин 206 ададашро маҳсулоти содиротӣ ташкил медиҳад. Дар масъалаи коҳишёбии сертификат ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваю сабзавот ба омили бисёри табиӣ вобастагӣ дорад. Умедбахш он аст, ки ҳоло маҳсулоти саноати сабуку  коркарди маъдани вилоят то ба Аврупову Осиё роҳ ёфта, дар онҳо Тоҷикистон чун кишвари истеҳсолкунанда мусбӣ муаррифӣ мешавад. Имрӯз маҳсулоти корхонаҳои саноатии  ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» оид ба маҳсулоти қолинӣ, КМТК «Апрелевка» оид ба маъдани шаҳри Қайроққум, КМ «Силкоат бойя» оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун, ҶДММ «Стар пласт» оид ба истеҳсоли лӯлаҳо, ҶДММ «Алфапеэт», «Тоҷпроф»- оид ба маҳсулоти пластикии дару тирезаҳо, ҶДММ «Арча» оид ба маҳсулоти чӯбии шаҳри Хуҷанд дар бозорҳои кишварҳои хориҷии дуру наздик  муштариёни худро дармеёбанд. Маврид ба зикр ҳам  ҳаст, ки солҳои охир дар баробари содироти маҳсулоти саноатӣ ҳамчунин,  қадамҳои аввалин дар содироти маводи ғизоии истеҳсоли корхонаҳои коркарди вилоят, аз қабили  ҳасибу панир ва ширӣ низ ба мушоҳида мерасанд.

  -Бо дарназардошти узви «Созмони умумиҷаҳонии савдо» будани Тоҷикистон, ки масъулияти истеҳсолкунандагони ватаниро боз зиёдтар мегардонад, ҳоло мутобиқ ба «Барномаи давлатии сифат» миёни соҳибкорон моҳияти соҳиби Сертификати мутобиқат шудан ва он тадбирҳои минбаъда дар самти боло бардоштани сифати маҳсулот шарҳу эзоҳ дода мешавад ва дар ин ҷода ҳавасмандии онҳо ба мушоҳида мерасад,- меафзояд Тоҷиддин Шарифов.Ҷиҳати боз ҳам пешрав гаштани корхонаҳои истеҳсолии вилоят ва бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кардан ба сифати маҳсулоти бозгир дар сатҳи ҷаҳонӣ меъёрҳои махсуси техникии «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии  хӯроки чорво ва иловагиҳои он», «Бехатарии маҳсулоти сохтмонӣ» амал карда, ба таври доимӣ соҳибкорон онҳоро меомӯзанду дар ҷараёни  тавлидоти маҳсулот  талаботҳоро амалӣ месозанд.

Афзун гардидани миқдори муроҷиати соҳибкорон- истеҳсолкунандагон ҷиҳати дастрас кардани Сертификати мутобиқат воқеан ҳам қадами ҷиддӣ ва умедбахш дар самти истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва ҳамзамон ҷавобгӯй ба меъёрҳои бозори байналхалқист, ки аз муҳимтарин ҳадафҳои иқтисодии ҳукумат ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Ҷовиди Аштӣ
Дар сурат:  назорати ҷараёни кори истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони Маркази стандартӣ дар вилояти Суғд.  

 

Add comment


Security code
Refresh