Коргоҳи қуму шағал дар Ғончӣ

Баҳри амали вазифагузориҳои Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири  рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Ғончӣ боз як корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд кард, ки қуму шағалро коркард менамояд.

Дар мавзеи Лолазори  ноҳия, ки қаблан корхонаи истеҳсоли хишт  мавҷуд буд, имрӯз дар шафати он коргоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт. Ташаббускори  коргоҳ Ҷамъияти дорои масъулияташ  маҳдуди «Манзил-2015» буда, барои харидани таҷҳизоти истеҳсоли давлати Чин 400 ҳазор сомони  харҷ гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як соат то 6 тонна маҳсулот буда, дар  як сол 9200 тонна қуму шағалро коркард, яъне шуставу майда карда, манзури харидорон мегардонад. Масолеҳи корхона  нисбат ба дигар мавзеъҳо хушсифат буда, барои таҳкурсии биноҳо, плитаҳои бетонӣ, семент-блок, сутуни симчӯбҳо, мумфаршкунӣ, сафолакҳои роҳ пешбинӣ шудааст. Қаблан қуму шағалро аз  мавзеи Лангари ноҳияи Спитамен меоварданд, ки ин арзиши маҳсулот барои харидорон қобили қабул набуд…

Назар ба гуфти  сарвари коргоҳ, соҳибкор Абдусамеъ Абдуҳамидов ин коргоҳи нахустин дар боби истеҳсоли маҳсулоти масолеҳи сохтмон асту дар нақша ҳаст, ки баробари афзудани талабот шумораи коргарон то ба 20 нафар расонда хоҳад шуд.

Дар тантанаи ифтитоҳи корхонаи мазкур баробари роҳбарияти ноҳия адибон, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва нависанда Додохон Эгамзод иштирок намуда, барои иқдомҳои неки соҳибкорон, ки аз вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бармеояд, таҳсин хонданд ва бо намунаи асарҳои тозаэҷодашон таъби  ҳозиронро болида гардонданд.

Эгамназар Соҳибназаров

Add comment


Security code
Refresh