Шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истеҳсолии «Афзали Нур»
- Details
- Published on Monday, 20 January 2025 15:32
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти бунёди корхонаи истеҳсолии «Афзали Нур» шинос гардид.
Корхонаи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти нерӯи истеҳсоливу содиротии мамлакат бунёд гардида, дар он истеҳсоли ҷӯроб ба роҳ монда мешавад.
Корхона аз ҷониби ширкати бисёрсоҳавии илмӣ-техникии «Нур» бунёд шуда, 100 адад таҷҳизоти истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид карда шудааст. Дар корхона дар як моҳ то 600 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол гардида, ба бозори дохилӣ бароварда хоҳад шуд. Тибқи талабот як қисми маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот мегардад.
Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 50 нафар занону духтарон бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби ширкат ташкили корхонаву марказҳои хизматрасонӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.
Раиси вилоят бунёди корхонаҳои навро амри зарурӣ шуморида, тавсия дод, ки бо омӯзиши бозор имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад. Зеро зарур аст, ки ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ таъсиси дода шуда, занону духтарон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд