Ҳадаф: зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

 Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои кишвар, ҳамзамон соҳаи саноатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъсис ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ имкони таъмини сокинон бо ҷойҳои нави корӣ ва беҳ гардидани шароити иқтисодии на танҳо сокинон, балки ба баланд гардидани буҷаи кишвар низ таъсири худро хоҳад расонид.

Дар қаламрави вилояти Суғд чанд соли охир таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ бо истеҳсоли маҳсулоти гуногуни воридотивазкунандаву рақобатпазир ба назар мерасад. Барои сокинони вилоят имконият пеш омад, ки маҳсулоти истеҳсоли ватаниро бо нархҳои дастрасу арзон харанд.      

- Дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд”. Шуъбаи энергетика ва саноати вилоят дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, давоми соли 2024 баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, барқарор кардани иқтидорҳои бозистода, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешида шуданд. Дар натиҷа 166 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дўзандагӣ ва пойафзолдўзӣ  дар назди ҶДММ “Саноати Ашт”, ВМ ҶСК "Паҳндара Майнинг", ҶДММ "Ситораи Тоҷик", ҶДММ "Лидер", ҶДММ ВМ "Нишот", ҶДММ "Коркард, ҶДММ "Хишти Хуҷанд", ҶДММ "Ориён Ҷей Текстайл", ҶДММ "Сайрсуғд", ҶСП "Тоҷӣ", ҶДММ "Пойафзоли муосир", ҶДММ "Мансуров Азимҷон" ва амсоли ин ба фаъолият шурӯъ карданд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ ва хўрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд, - гуфт мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи ба 30,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 4,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 120,1 фоиз баробар гардид.

- Рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидани корхонаҳои саноатӣ мебошад, аз ҷумла тибқи маълумоти оморӣ, дар “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” давоми соли 2024 ба маблағи умумии 2,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки ба 92,3 фоиз баробар мебошад. Дар КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент давоми соли 2024 ба маблағи умумии 5,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли қаблӣ 1,1 миллиард сомонӣ зиёд буда, ба 124,5 фоиз баробар аст. Ба ин монанд дигар корхонаҳои саноатӣ низ ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардиданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли 2023 – юм зиёд гардид, - гуфт мавсуф.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 - ум 1010227 дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 25,9 ҳазор адад зиёд буда, нисбат ба нақшаи тасдиқнамуда 102,6 фоиз мебошад. Дар ин замина 424,5 ҳазор тонна орд истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 126,5 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд аст. Инчунин 48,6 миллион қуттии шартӣ консерваҳои меваю сабзавотӣ истеҳсол шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 12,2 миллион қуттии шартӣ зиёд буда, ба 133,8 фоиз баробар аст. Дар маҷмўъ ба ҳолати якуми январи соли 2025 дар вилоят 258 намуди маҳсулот истеҳсол гардидааст.

- Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём доир ба таъсис ва барқарор кардани ҷойҳои нави корӣ суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст. Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар вилояти Суғд дар 166 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ 2060 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Масалан, дар корхонаи навтаъсиси ҶДММ “Саноати Ашт”, ки самти фаъолияташ истеҳсоли ришта, дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзӣ мебошад 400 нафар бо ҷойи кории доимӣ ва маоши баланд таъмин шудаанд. Корхонаи мазкур дар ин давра ба маблағи 10257 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, бозори дохилиро таъмин намуда истодааст.

Ҳамчунин корхонаи навтаъсиси ҶДММ “Ситораи тоҷик” 477 нафарро бо ҷойи кории доимӣ таъмин кардааст. Самти фаъолияти корхонаи мазкур истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ буда, дар давраи фаъолияти худ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолиро ба 1001 ҳазор сомонӣ расонидааст. Боиси таъкид аст, ки дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд корхонаи навтаъсиси истеҳсоли электроскутер бо номи ҶДММ “Сайрсуғд” ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар ин корхона беш аз 40 нафар бо ҷойи корӣ таъмин ҳастанд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии корхона ба 500 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, - гуфт Озифхон Шарифзода.  

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи руйхатии кормандони соҳаҳои саноати вилоят ба 35841 нафар расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 2592 нафар зиёд мебошад. Шумораи коргарони маошгирандаи соҳаи саноат бошад, 2710 нафар афзуда, ба 31591 нафар расидааст. Музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳои саноат ба 3277,8 сомонӣ баробар шудааст, ки 242,5 сомонӣ зиёд аст. Саноатчиёни вилоят минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тамоми захираву имкониятҳо сафарбар менамоянд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh