Заҳмату кору ҳунар касро намояд номвар
- Details
- Published on Tuesday, 12 November 2024 10:33
Салимабону ҳунарманди асилу чирадаст, бонуи меҳнатдӯсту соҳибкори муваффақ буда, солҳост, ки байни мардум ҳамчун зани саховатпеша ва ҳам кордон маълуму машҳур гардидааст. Ӯ зодаи шаҳри зебоманзари Исфара буда, тавонист бо чусту чолокӣ, мушкилнописандӣ, меҳнати ҳалол ва маърифати баланди худ байни мардуми шаҳри Исфара ва берун аз он машҳур гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои худ ба шаҳри Исфара аз коргоҳи дӯзандагии ӯ дидан карданд. Сифати кори ин бонуи ҳунарманд Сарвари давлатро ба ваҷд оварда, ба раиси вақти вилояти Суғд ва шаҳри Исфара дастур доданд, ки иқдоми наҷибонаашро дастгирӣ карда, аз рафти иҷрои он маълумот пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат дар ана ҳамин вохӯрӣ ба маҳсули омоданамудааш мутаваҷҷеҳ шуда, изҳор карданд, ки сифати маҳсулот ва дӯхти он аз молҳои туркӣ монданӣ надорад ва нархаш низ мувофиқ аст.
Воқеан, Салимабону Исмадова ин ҳунари волои худро аз модари равоншодаш омӯхтааст. Вақте ки модар захми сӯзан мезад ё бо мошинаи дарздӯзӣ ба дӯхтани пироҳан оғоз мекард, бодиққат назар афканда, кӯшиш мекард, ки корро аз дастони модар гирифта, худаш иҷро кунад. Модари равоншодаш аз ин амали фарзандаш ба ваҷд омада, шукр мекард, ки духтари чаққону нозанин дорад ва оянда бо ҳунари волои худ зиндагиашро пеш бурда метавонад.
Бале, дар ҳақиқат Салимабону ин боварии модарро сазовор шуда, бо касбу ҳунари волои худ, натанҳо дар шаҳри Исфара, балки дар ҷумҳурӣ шуҳратёр гардид. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна чун ҳисобчии коргоҳи дӯзандагии “Швейместпром-2” ба фаъолият оғоз кард. Духтараки хеле чаққону кордон дар як муддати кӯтоҳ дар коргоҳ мавқеи худро пайдо кард. Баробари фаъолият дар коргоҳи дӯзандагӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғоибона таҳсил карда, ихтисоси худро дар соҳаи иқтисодиёт ва муҳосибии соҳаи саноат такмил дод.
Бо дарназардошти истеъдоду лаёқати ӯ дар як муддати кӯтоҳ Салимабонуро дар коргоҳи худаш, яъне коргоҳи дӯзандагӣ сарвари бригада таъин карданд. Кордонии ин бону, соҳиби маълумот дар соҳаи иқтисод буданаш ва ҳам шавқи беандозаашро ба касби дӯзандагӣ ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи устои калон, сипас ба ҳайси мудири анбор ба кор таъин намуданд. Дар ҳамин коргоҳ ба вазифаи ҷонишини директор оид ба хариду фурӯши маҳсулот расид ва ба шарофати ӯҳдабароиву ташкилотчигиаш директори корхонаи ҶСК “Фарзона”, яъне собиқ “Швейместпром 2” таъин гардид.
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чандин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмонданд ва ё хусусӣ гардонида шуданд. Коргоҳи дӯзандагии “Швейместпром” низ ба ҶСК “Фарзона” табдил ёфт.
Салимабону Исмадова фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун соҳибкор ҳамроҳи оилааш ба роҳ монд, як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бунёд кард. Ӯ оҳиста-оҳиста мавқеи худро дар ин ҷода устувор намуда, дар ин самт қадамҳои бурдборона ниҳод. Барояш лозим омад, ки соли 2005 бо заҳмати зиёд як қисми иншооти вайрону валангоргашта ва бекористодаи заводи гаҷбарории шаҳрро хусусӣ гардонида, таъмиру тармим ва азнавсозӣ намояд. Дастгоҳи дӯзандагиро харидорӣ намуда, ба муносибати 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи истеҳсолии худро бо номи “Салима” таъсис дод ва 10 нафар зани хонашинро бо ҷои корӣ таъмин намуд. Фаъолияти коргоҳ ба истеҳсоли сарулибоси корӣ, либосҳои занонаю мардона, кӯрпаю кӯрпача, ҷойхоб ва дигар молҳои ниёзи мардум нигаронида шуда буд. Соҳибмулки корхона ҶСК “Фарзона” аз ӯ хоҳиш намуд, ки роҳбарии ин корхонаро низ ба зимма гирад. Азбаски лаҳзаҳои беҳтарини умри Салимабону дар ин коргоҳи бонуфуз гузашта буд ва барояш ин даргоҳ хеле азиз ҳам буд, хоҳиши соҳибмулкро рад карда натавонист. Солҳои 2005-2011 Салимабону роҳбарии ин ду корхонаи саноатиро ба зимма дошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ борҳо таъкид мекарданд, ки бояд дар кишвар либоси ягонаи мактабӣ истеҳсол карда шавад. Вақти он расидааст, ки дар кишвари биҳиштосоямон, ки мардумаш хеле ҳунарманду чирадастанд, корхонаҳои хурди дӯзандагӣ ташкил гардида, занҳои хонанишин бо ҷои корӣ таъмин гарданд. Бо амалигардонии ин тадбир имкон ба миён меояд, ки маблағҳои зиёд аз ҳудуди Тоҷикистон барои харидани либоси мактабӣ ба берун аз кишвар набарояд.
Салимабону, ки он солҳо ҷавон буд, барои амалӣ намудани иқдоми нави Сарвари давлат кӯшиш намуд ва як коргоҳи хурди дӯзандагӣ ташкил кард. Соли 2011 як қисми ҶСК “Фарзона” ба фурӯш гузошта шуд ва Салимабону Исмадова онро харидорӣ карда, аз хориҷи мамлакат таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсоли коғази ташноб ворид сохта, дар қисми харидорикардаи ҶСК “Фарзона” коргоҳи истеҳсоли коғазро ифтитоҳ намуд. Роҳбарии сехи мазкурро ҳамсараш, равоншод Мирзоабдулло Исмадов ба зимма дошт. Пас аз фавти шавҳар Салимабону як муддат кори худро пеш бурда натавонист. Дар ин бора худаш мегӯяд, ки: “Пас аз вафоти ҳамсарам як муддат кор карда натавонистам. Ба ягон кор дасту дилам намерафт. Лекин мушоҳида кардам, ки агар корро давом надиҳам, ҳамаи меҳнати ману шавҳарам барбод меравад. Ба хотири шод кардани рӯҳи шавҳари меҳрубонам дубора ба сари кор омадам”.
Салимабону Исмадова тавонист соҳибкории худро бомуваффақият пеш бурда, яке аз бонувони чашмикордон ва ташкилотчӣ гардад. Ҳамин буд, ки соли 2012 ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии бонуи соҳибкори сол “Фараҳ-2012” ширкат варзида, дар бахши “Тарҳи беҳтарини тиҷорат дар истеҳсолот” соҳиби мукофот гардад. Соли 2013 бошад, ҳамчун “Соҳибкори беҳтарини сол” дар вилояти Суғд бо Ҷоиза ва Сипосномаи Раиси вилоят қадрдонӣ гардид.
Салимабону солҳои 2012-2013 маротибаи аввал дӯхтани либоси мактабиро ба роҳ монд. Албатта, аз матои истеҳсоли ватанӣ ва дӯхтани дизайнҳои нав дар кишвар барои толибилмон кори осон набуд. Салимабону, ки ба ҳар кори сар кардааш таҳтидилона даст мезад, дар ин кор низ хеле кӯшиш намуд, заҳмати зиёд кашид ва ин ҷодаро низ аз бар намуд. Моҳи октябри соли 2013 коргоҳи дӯзандагии “Салимабону” дар бинои дигар ба фаъолият оғоз кард, зеро корхонаҳои хусусии ӯ дар ҳолати таъмир ва азнавсозӣ қарор дошт. Соли аввали ташкили корхона ба онҳо муяссар гардид, ки бо ҳафт адад мактаби шаҳри Исфара шартнома баста, барои толибилмон либосҳои мактабӣ омода кунанд. Ӯ дар ин росто барои ба ҳадафи худ расидан басо заҳмат кашид, меҳнат кард.
Вақте ки Сарвари давлат ба шаҳри Исфара ташриф оварданд, бо кормандони сехи либосдӯзӣ рӯ ба рӯ гардида, ба ташкили кор ва меҳнати босуботашон баҳои баланд доданд. Ҳар як маҳсулоти омодакардашударо аз назар гузаронида, бо дӯзандагони коргоҳ сӯҳбати гарму самимӣ оростанд. Дар ҷаласаи фаъолони вилоят бошад, якчанд маротиба аз фаъолияти меҳнатӣ ва дастоварди ин бонуи ҳунарманд мисолҳо оварданд. Таъкид намуданд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолнамудаи ӯ аз молҳои туркӣ ягон мондание надорад ва арзишаш низ мувофиқ аст.
Салимабону зимни суҳбат иброз доштанд, ки маҳз бо дуои Пешвои муаззами миллат соли 2014 бо 16 мактаб барои пешниҳоди либоси мактабӣ шартнома имзо карданд. Маҳсулоти омодакардаи ин бонуи ҳунар муштариёни зиёдеро ба худ ҷалб мекард. Солҳои 2015-2016 онҳо аллакакй ба 28 мактаб либосҳои мактабӣ омода мекарданд. Ҳоло бошад дар ин раванд ӯ бо 54 муассисаи таълимии шаҳри Исфара шартнома баста, онҳоро бо либосҳои шинаму босифат таъмин карда истодааст.
Шоёни зикр аст, ки соли 2014 коргоҳи дӯзандагии “Салимабону” дар бинои навтаъмир бо иштироки Раиси вилояти Суғд ба фаъолият оғоз кард . Дар корхона 30 нафар зани маҳаллӣ ба ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Дар ҳошияи ин коргоҳҳояш моҳи июли ҳамон сол дар бинои собиқ коргоҳи заводи гаҷбарорӣ 20 адад дастгоҳи қолинбофиро харидорӣ ва васл намуд. Се нафарро ба шаҳри Хуҷанд, ба Маркази ҳунармандӣ, ки ҳунармандони эронӣ барои омӯзиши занҳои маҳаллӣ ҳунар меомӯзониданд, фиристода шуданд. Баъдтар 100 нафар бонуи хонашинро бо омӯзонидани ҳунарҳои хонагӣ соҳиби шаҳодатнома гардонид. Дар ана ҳамин вақт дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Ҳунарҳои мардумиро эҳё менамоем” баргузор гардид. Коргоҳи “Салимабону” дар озмун ширкат варзида, дар байни 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷои дуюмро сазовор гардида, соҳиби ифтихорнома ва мукофотпулӣ гардид.
Соли 2014 дар озмуни ҷумҳуриявии “Фараҳ-2014” дар бахши “Истеҳсолот” аз байни 320 нафар зани соҳибкори ҷумҳурӣ Салима Исмадова ғолиб гашта, бо ифтихорномаву ҷоиза ва роҳхат ба давлати Туркия тақдиронида шуд. Кори босамар ва фаъолияти густурдаи ин бонуи ҳунар аз назар пинҳон намонд.
Дар ҳақиқат меҳнати собитқадамонаи ин бонуи ҳунарманд буд, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ ба як соҳибкори муваффақ табдил ёфт, ки дар пешбурди ҳаёти иқтисодии кишвар саҳми назарраси худро гузоштааст. Хизматҳои шоистаи ӯро дар рушди саноати Тоҷикистони навин ба инобат гирифта, роҳбарияти вақти шаҳру вилоят бо сипосномаву ифтихономаҳо қадрдонӣ карданд.
-Санаи 28-уми августи соли 2015 аз хотирам ҳеҷ гоҳ сутуда намегардад,-мегӯяд ӯ. -Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ман мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста”-ро супориданд. Салимабону Исмадова дар баробари соҳибкори муваффақ будан, зани ҳалиму меҳрубон, сахиву саховатманд аст. Ҳар сол дар арафаи оғози соли нави таҳсил ӯ 180-200 нафар толибилмони оилаҳои ниёзманд, ятими шаҳри Исфараро бо либоси ройгон таъмин намуда, дар таъмири мактаб ва харидории таҷҳизоти гуногун, аз қабили тахтаи электронӣ саҳм мегузорад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар “Солҳои 2022-2026 соли саноатикунонии босуръати кишвар” эълон гардид. Корхонаи “Салимабону” низ дар шаҳри Исфара дар қатори беҳтарин корхонаи саноатии шаҳр ба ҳисоб рафта, дар ин росто ҷидду ҷаҳд дорад, ки фаъолияти корхонаро боз ҳам пурзӯр намуда, маҳсулнокии корхонаро зиёд гардонад. Насиб гардид, ки соли 2023 Салимабону дар қатори дигар шаҳрвандон бо роҳхати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба Ҳаҷ рафта, зиёрати Каъба кард. Имрӯз ӯ дар синни нафақа қарор дорад, аммо бо ғайрати дучанд кор мекунад, то ин ки дар ободию сарсабзии кишвар саҳми муносибе гузорад.
Салимабону дар оиладорӣ низ намунаи ибрат буда, фарзандони солеҳро тарбия намудааст. Фарзанди нахустинаш Хайрулло Исмадов хатмкардаи бахши Донишгоҳи гуманитарии муосири шаҳри Маскави Федератсия Россия буда, имрӯз муовини роҳбари ҶДММ “Салимабону”, Оятуллоҳхон Исмадов хатмкардаи Донишгоҳи дӯстии халқҳои шаҳри Маскав буда, имрӯз ҳамроҳи модар фаъолият дорад.
Бале, ҳунар, кордонӣ, касб ва пеша фазилати неки инсонист, ки ҳамеша инсонро сарфароз мегардонад. Маҳз бо ҳунару истеъдоди воло Салимабону Исмадова тавонист соҳиби ҳурмату эҳтироми хоса гардад. Бале, 46 сол дар як соҳа, 46 сол дар як самти басо муҳим кор кардану соҳиби обрӯву эътибор гардидан худ нишонаи мардонагист. Шоир дар бораи чунин занҳои мардсифат гуфтааст:
Сано бодо ба занҳое, ки марданд,
Баёзи зиндагиро байти фарданд.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”