Саноат – манбаи муҳимтарини рушди кишвар

Дар хабари Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд омадааст: «Дар моҳҳои январ – июли соли 2024 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 12831 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 110,1 фоизро ташкил дод».

Саноатчиёни ноҳияи Ашт бошанд, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва бо мақсади татбиқи  дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда саъю кӯшиш менамоянд.

Тавре дар ин бобат мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳяи Ашт Зуҳуриддин Эшматов иброз дошт, барои мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ашт эълон гардидани солҳои 2022 -  2026 «Солҳои рушди саноат», татбиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -  2025» ва баҳри таъмини рушди соҳаи саноат таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, афзун гардондани истеҳсоли маҳсулот тамоми имконияту захираҳои мавҷударо истифода хоҳанд кард. 

Бо ҳамин саъю тараддуд дар давоми ҳафт моҳи соли 2024 - ум дар соҳаи саноат ба маблағи 162067,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 6037,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 103,8 фоиз таъмин гардидааст.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                       

Дар маълумотномаи Сарраёсати Агентии омори вилоят чунин қайд гардидааст: «Дар соҳаи саноат 1162 корхонаи саноатӣ фаъолият мебаранд, ки аз он 38 корхона хусусияти хизматрасонии саноатиро дорост. Дар моҳҳои январ – июни соли равон 769 корхона ё 66, 2 фоиз нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2023-юм сатҳи истеҳсолро баланд бардошта, 21,2 фоизи корхонаҳо сатҳи истеҳсолро паст намуданд».

Аз 26 корхонаи саноатии шаклҳои моликияташ гуногуни ноҳияи Ашт бошад, бисту ду коргоҳ мувофиқи матлаб фаъолият намуда, 16 корхонаи ҳаҷман мухталиф истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ афзун гардонидаааст. Корхонаҳои муваффақ, ба монанди ҶДММ «Саноати Ашт» (562 фоиз), ҶДММ «Аҳмадалӣ» (221,6), ҶДММ «Аштфрут» (133,9), ҶДММ «Шириниҳои Дӯстӣ» (119,8), ҶДММ «Бунёдкори Ашт» (101,2), ҶДММ «Иброҳим» (100), КИ «Зарнигор» (101,2), ҶДММ «Ҳусниддин» (100,1), ҶДММ «Ҳабиба» (111,3 фоиз), ҶДММ «Анас ва Зайнаб» (116,4) ва ҶДММ «Агро Ашт» (168,8 фоиз) мебошанд, ки ҳаҷми маҳсулотро афзун гардонида, нақшаро баризофа иҷро намудаанд.

- Айни замон дар ноҳияи Ашт, - зикр дошт З. Эшматов, -  аз 18 навъи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 намуди он баризофа истеҳсол шудааст, ки ин боиси шодмонист.

Дар ин давра намаки ошӣ 5769,5 тонна (дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 7 тонна зиёд), нахи пахта 1939,4 тонна, чигит 2732,9 тонна, равғани растанӣ 60,5 тонна, кунҷора 458,8 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 479,8 тонна  (77,8 тонна), хишти сементӣ 419,1 ҳазор дона, дару тирезаҳои пластикӣ 1052,6 метри мураббаъ (133,6 метри мураббаъ), маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ 670 ҳазор ҷуфт (550,0 ҳазор ҷуфт), либоси мактабӣ 68332 дона (154 дона), 698 метри мураббаъ тахтасанги мармарӣ, 1225 метри мураббаъ хишти роҳрав ва 0,97 ҳазор метри мураббаъ матои атлас истеҳсол шуда, дастраси мизоҷон гардидааст.

Мутаассифона баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ, ба мисли ҶСК «Матбааи Ашт», ҶДММ «Рахшона», ҶДММ «Хизир Назар», ҶДММ «Рахш Р.М.», ҶДММ «Сумани Ҷамшедзод» ва ҶДММ «Меҳри Хуҷанд» бо сабабҳои гуногун мувофиқи матлаб фаъолият бурда натавониста, суръати афзоишро коҳиш доданд.

Чунин ҳолати ногувор на танҳо дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Ашт, инчунин дар коргоҳҳои дигар шаҳру навоҳӣ низ рух додааст, ки онро рақобати бозорӣ ва ё ноустувории коргоҳ низ меноманд. Аз зумраи чунин коргоҳҳо ҶСП «Марҳамат» мебошад, ки ба сабаби душвории молиявӣ дар давраи ҷамъбастӣ самти фаъолияти хешро пеш бурда натавонист. Ҳамчунин ҶДММ «Озодалӣ, ҶДММ «Азизи Нур» ва ҶДММ «Обида» бо сабабҳои коста гардидани талабот ба маҳсулоти истеҳсолӣ ва ба рақобат тобовар шуда натавонистан аз истеҳсол бозмонда, дар давраи барҳамхӯрӣ қарор доранд.

Бо вуҷуди баъзе норасоиҳо ва бо сабабҳои гуногун аз кор бозмондани баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ саноатчиёни ноҳияи Ашт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки коргоҳҳои замонавӣ бунёд намуда, молу маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ истеҳсол намоянд. Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии саховатпешагони маҳаллӣ ду коргоҳи саноатӣ – ҶДММ «Сабина» ва ҶДММ «Мирҷаҳон» - ро ба истифода супориданд. ҶДММ «Сабина» ба истеҳсоли хишти роҳрав машғул буда, истеҳсоли иқтидори солонаи он 1600 метри мураббаъро дар бар мегирад. Коргоҳи навтаъсис ҶДММ «Мирҷаҳон» бошад, хишти сементӣ истеҳсол менамояд. Мувофиқи нишондодҳо соле то 25 ҳазор дона маҳсулот дастраси харидорон хоҳад шуд. Бо таъсисёбии ду коргоҳ панҷ нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.Тавре дар ҳар як суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «бештар аз ашёи хоми ватанӣ истифода бурдан ва коҳиш додани воридоти маҳсулот ба пешравии кор мусоидат хоҳад кард», истеҳсолкунандагон, хосатан соҳибкорони маҳал такя ба ҳамин гуфтаҳо аз ашёи хоми худӣ васеъ истифода мебаранд. Хосатан, туҳфаи идонаи саноатчиёни ноҳияи Ашт ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ – 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёди корхонаи ресмонресӣ бо иқтидори коркарди 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз буда, бо ин васила, 450 оила вазъи иқтисодии зиндагии хешро беҳтар хоҳанд кард.

Доири масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш чунин ёдовар шудаанд: «Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд».

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh