Саҳми МОИ “Суғд” дар таъмини иқтисодиёт
- Details
- Published on Wednesday, 31 July 2024 08:06
Дар бинои Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид, ки дар он роҳбари маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ дод.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2024 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуд.
Ҳамзамон, дар нимсолаи аввал дар МОИ “Суғд” 3 субъекти нав ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа шумораи субъектҳо ба 37 адад расид, 21 адади он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул мебошад.
Дар ин замина маҷмўи маҳсулоти саноатии истеҳсолшудаи МОИ “Суғд” дар соли 2024 ба 180,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 116,3 фоиз ё 25,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ин давраи ҳисоботӣ ба 1,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 146,2 фоиз ё 0,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд қайд кард, ки бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кишварҳо, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озорбойҷон ва Туркияро дар бар мегирад. Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ 46,2 миллион сомониро ташкил намудааст.
Дар шаш моҳи аввали соли 2024 ҳаҷми сармоягузории мустақим 28,4 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (12,8 миллион сомонӣ) 2,2 баробар ё 15,4 миллион сомонӣ зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 199,4 миллион сомонӣ баробар гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» 885 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин дарваи соли 2023 (838 нафар) ба 47 ҷойи кории нав ё 105,6 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин, намояндагони васоити ахбори омма бо роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба ҳамаи саволҳояшон посухи мушаххас гирифтанд.
Дар охир роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдории хешро дар бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” баён намуда, онҳоро бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.
Тибқи барнома барои аҳли қалам пресс - тур ташкил карда шуд, ки меҳмонон аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи МОИ «Суғд» аз наздик дидан намуда, бо роҳбару намояндагони корхонаҳо ҳамсуҳбат гардиданд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»