Муаммои оби нўшокӣ ҳалшаванда аст

- Давоми шаш моҳи соли 2024 - ум ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 19 миллиону 358,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2023 – юм 11 миллиону 008,5 ҳазор сомонӣ буд. Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 1,8 маротиба зиёд шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Истиқлол Қаюм Маҳмудзода.

Ҳамчунин доир ба соҳаи саноати шаҳр таъкид карда шуд, ки бобати амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар тавассути ба истифода додани иқтидорҳои бозистода ва пешгирии раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, тақвияти корҳои тарғиботию маркетингӣ ва ташкили бандубасти молҳо кӯшиш ба харҷ дода шуда истодааст. Вобаста ба роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан бонувону ҷавонон дар шафати корхонаи металлургӣ сохтмони корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид, ки баъди ба истифода додани ин корхона беш аз 200 нафар сокини шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз рӯи нақша 16 миллиону 102 ҳазор сомонӣ буда, ба буҷет 16 миллиону 128 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 100,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби иҷро нагардидани як намуди андоз ба буҷети давлатӣ 1277,1 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст.

Раиси шаҳр доир ба вазъи кунунии таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби мантақаи обтаъминкунӣ ва канализатсия дар шаҳр ба маблағи 440 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ гардид, ки аз он 54 фоиз пардохт карда шуд.

Аз ин ҷамъоварии маблағҳои истифодашудаи ҳаққи оби нӯшокӣ 236 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 110 ҳазор сомонӣ аз ҷониби аҳолӣ пардохт гардидааст.

Мушкилоти ҷойдоштаи соҳа таъмирталаб будани хатҳои ташноб ва дар шаҳр набудани партовгоҳи махсусгардонидашудаи ташноб мебошад.

Фарсуда ва аз кор баромадани таҷҳизоти оби нӯшокӣ низ муваққатан сокинони шаҳрро бо танқисии оби нӯшокӣ рӯ ба рӯ сохт. Ҳоло ба шаҳр таҷҳизоти нав бо дарозии 7,5 километр қубур ворид шудааст.

Бинобар дар мавзеъҳои баландӣ нарасидани қувваи таҷҳизот муаммои оби нӯшокиро пеш овард. Ҳоло сокинон дар як шабонарӯз аз 2 то 6 соат бо об таъмин ҳастанд.    

Раиси шаҳр ҳамчунин оид ба рафти амалишавии барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, даромад ва хароҷоти буҷет, таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи маҳал, рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди инфрасохтор ва нақлиёт ва дигар самтҳои шаҳр маълумот дод.

Аз ҷониби рӯзноманигорон ба раиси шаҳр саволҳои мухталиф дода шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh