Сабабҳои коҳишёбии истеҳсоли тухм дар вилоят
- Details
- Published on Thursday, 25 July 2024 11:18
“Тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.”
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсол, содирот ва таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат дар аксар соҳаҳо, алалхусус дар соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаи баланд ноил гардидааст. Соҳибкорону кишоварзон ба ҷуз таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат ҳамчунин имконият доранд онро берун аз кишвар содирот кунанд. Боиси зикр аст, ки маҳсулоти паранда, аз ҷумла тухм низ ба содирот равона гардида, аллакай берун аз кишвар харидорони худро дорад. Ин то як андоза ба баланд бардоштани иқтисодиёти соҳа мусоидат хоҳад кард.
Боиси нигаронист, ки дар давоми шаш моҳи соли 2024 – ум истеҳсоли тухми паранда бамаротиб коҳиш ёфтааст. Сабабу омилҳои коҳиш ёфтани ин навъи маҳсулоти озуқавориро масъулони соҳа, аз ҷумла муовини сардори КВД паррандапарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмзода Фаррух чунин маънидод кард:
- Сабабҳои асосии коҳишёбии нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи парандапарвариро дар чанд омил метавон номбар кард, дар навбати аввал ба анҷом расидани муҳлати имтиёз, ҳамагон хуб медонем, ки соҳибкорон – парандапарварон дар давоми шаш сол аз супоридани ҳамагуна андоз озод шуда буданд. Инак, муҳлати имтиёз 1 январи 2024 ба анҷом расид. Бояд таъкид кард, ки наздик 80 фисади корхонаҳои парандапарварӣ дар давоми шаш сол ба вуҷуд омадаанд. Омили дуюм, ки ба соҳа таъсири бештар расонд ин дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷорӣ гардидани маҳдудияти нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 буд. Мушкилӣ то моҳи апрел тӯл кашид. Набудани барқ ба корхонаҳои истеҳсолӣ, алахусус паранда таъсири зиёд дорад, зеро парандапарварӣ корхонаест, ки бидуни нерӯи барқу равшанӣ, бе нигоҳ доштани ҳарорат, хӯронидани ғизо ба паранда фаъолият бурданаш ғайриимкон аст. Дар ҳолати набудани нерӯи барқ маҳсулнокии паранда паст мешавад ва мурғҳои гӯштӣ вазн намегиранд. Вобаста ба мушкилоти баамаломада масъулони соҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардем, ки дар қатори корхонаву ташкилот ва объектҳои хусусияти стратегидошта корхонаҳои парандапарварӣ ҳам шомил гардад.
Ҳамчунин Қаюмзода Фаррух қайд кард, ки барои дастгирии соҳаи парандапарварӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуни нав дар бораи додани имтиёзи навбатӣ ба муҳлати 2 сол, яъне аз 1 - уми январи соли 2024 то 1 - уми январи соли 2026 ба андозаи 50 фоизи меъёрҳои муқарраргардида мавриди амал қарор дода шаванд.
- Иқдоми пешгирифтаи Роҳбари кишвар саривақтӣ буда, имконият дод, ки парандапарвар тавонист танҳо дар моҳи июн саршумори парандаро аз як миллион зиёд кунанд. Зиёд шудани саршумори паранда бештар аз ҳисоби вилояти Суғд аст. Ин аст, ки коҳишёбӣ дар соҳа қариб бартараф гардида, дар нақша аст, ки моҳҳои минбаъда дар нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа, бахусус тухм ва гӯшти паранда натиҷаҳои назаррас дарҷ хоҳад шуд, - афзуд мавсуф.
Боиси қайд аст, ки алҳол дар вилояти Суғд 145 корхонаи хурду бузурги парандапарварӣ, аз ҷумла 99 корхона дар самти истеҳсоли тухм ва 46 корхона дар самти истеҳсоли гӯшти паранда мавҷуд аст. Ҳамчунин 3 корхонаи зотпарварӣ барои таъмини корхонаҳои парандапарварӣ бо тухми инкубатсионӣ - чӯҷаи якрӯза фаъолият дорад.
Яке аз корхонаҳои парандапарварие, ки дар давоми шаш моҳи соли равон нишондиҳандаҳои худро бештар кардааст ҶДММ “Чӯҷаи заррин” мебошад. Тавре роҳбари корхона Далер Кенҷаев иттилоъ дод, истеҳсоли тухм дар корхона муътадил буда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки новобаста аз омилҳои манфии ба истеҳсоли гӯшти паранда ва тухм таъсиркунанда нишондиҳандаҳои худро афзун созад.
- Ҳар моҳ истеҳсоли тухм наздик ба 4,5 – 4,8 миллион дона мерасад. Дар ин замина мо имконият дорем бозори дохилиро бо тухмҳои аълосифат ва арзон таъмин созем. Дар назар аст, ки моҳҳои наздик истеҳсоли тухмро зиёд карда, шумораи онро ба 5 – 5,5 миллион дона расонем. Баробари таъминоти дохили кишвар ҳамчунин имконияти содиротро ба хориҷи кишвар дорем. Дар давоми шаш моҳи соли 2024 – ум ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба миқдори 4 миллион дона тухм содирот карда шуд. Барои истеҳсоли тухми босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ пайдо кардани мавқеи худ ба корхона аз кишвари Олмон таҷҳизоти муосирро ворид кардем. Дар ин самт низ мутахассисони корхона тавонистанд нишондиҳандаҳоро муътадил нигоҳ доранд. Ҳоло 58 нафар корманд бо ҷойи кории доимӣ ва маоши баланд таъмин ҳастанд, - гуфт Далер Кенҷаев.
ҶДММ “Амина К” низ яке аз корхонаҳои азими парандапарварӣ мебошад, ки дар се самт ҳам истеҳсоли гӯшти паранда, тухм ва ҳам истеҳсоли комбикорм (хӯроки паранда) фаъолияти худро ба роҳ мондааст. ҶДММ “Амина К” аз соли 2018 ба фаъолият оғоз кардааст ва алҳол шумораи кормандон 51 нафарро ташкил медиҳад.
- Дар давоми шаш моҳи соли равон дар корхона 23 миллиону 280 ҳазору 771 дона тухми паранда истеҳсол шуд. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли 2023 – юм 26 миллиону 385 донаро ташкил карда буд. Саббаи асосии кам шудани истеҳсоли тухм дар давоми ду сол аз тухм мондани паранда (пир шудани паранда) аст. Дар ҳолати пир шудани паранда фоизнокии тухм низ кам мешавад. Парандаҳои пиршуда забҳ гардида, ҳоло чӯҷаҳои навро нигоҳубин карда истодаем. Корхонаи мо чӣ дохили кишвар ва чӣ берун аз кишварро таъмин мекунад. Соли равон тухмҳои истеҳсолии корхона ба миқдори 2 миллиону 881 ҳазор дона берун аз кишвар содирот карда шуд. Таҷҳизоти истифодашаванда аз Федератсияи Россия ворид шудааст. Ҳамчунин соли 2022 бо иштироки бевоситаи Роҳбари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди корхона боз як корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ кард. Самти асосии фаъолияти корхонаи нав истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда мебошад. Ҳоло бархе аз корхонаҳои парандапарварии вилоятро бо хӯроки баландсифати паранда таъмин мекунем, - гуфт сармуҳосиби корхона Равшан Ёқубов.
Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 ба миқдори 339563,8 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 фоиз кам шудааст. Вале истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон–1,8 баробар, Истаравшан ва Кӯҳистони Мастчоҳ–1,5 баробар зиёд намуданд.
Доир ба содироти тухми паранда иттилоъ дода шуд, ки содироти тухми паранда дар вилоят 368,9 баробар ё 1250,9 тонна зиёд шудааст ва содироти тухм бештар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба роҳ монда шудааст.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”