Хуҷанд дар масири пешравӣ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2024 сурат гирифт, ки дар он рўзноманигоронидохилию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Сараввал раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми 6 моҳи соли 2024 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки  натиҷаҳои пурмаҳсули саноатикунонии босуръат имкон дод, ки аз ҷониби корхонаҳои хурду калон 898,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шавад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта 24,5 дарсад ё 178,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолгашта 188,5 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содир шуда, аз ҷониби 104 корхонаҳо маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 403,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 33,9 миллион сомонӣ ё 9,2 фоиз зиёд гаштааст.

Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 35,0 миллион сомонӣ сармояҳо, 32 адад корхонаи нави истеҳсолии хурд дорои 273 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Дар навбати худ дар соли ҷорӣ тамоми корхонаҳои шаҳр фаъолияташонро самаранок ба роҳ монда, нерўи барқро сарфакорона истифода бурдаанд, ки дар натиҷа имрўз талафоти барқ то ба 7,2 фоиз поён рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегӣ - Истиқлолияти энергетикӣ замина гузошта истодааст.

Дар заминаи самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагии тамоми соҳаҳо нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ 111,6 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 105,4 фоиз иҷро гардид.

Ҳаҷми андозҳою пардохтҳои воридшуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта, буҷети умумӣ 38,6 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 8,2 миллион сомонӣ зиёд таъмин шуд. Боиси тазаккур аст, ки дар ин давра ҳамаи 10 намуди даромади андозии буҷети давлатии ба нақша гирифташуда  бо барзиёдӣ таъмин гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, аз буҷети маҳаллӣ саривақт маблағгузорӣ карда шуда, қарздорӣ аз музди маош дар соҳаҳои буҷетӣ ҷой надорад. Дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ корҳои амалишуда назаррас маҳсуб ёфта, дар шаҳр як лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 27,1 миллион доллари амрикоӣ босамар татбиқ шуда истода, азхудкунии маблағҳо аз аввали татбиқи ин лоиҳа ба 19,9 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Маблағҳои қарзӣ низ, сари вақт пардохт шуда истодаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, дар панҷ сол сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрўз 518 адад ё  55 фоизи онҳо бунёд шудааст. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 112 адади он ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ рост меояд, ки он 58,9 фоизи нақшаи соли ҷориро дарбар мегирад.

Дар охир ба Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба самтҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди хонаҳои баландошёна, хизматрасонии коммуналӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, тадбирҳои ободонӣ, фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш, ободонии маҳаллаҳо, маданияти шаҳрдорӣ ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh