Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини якуми губернатори вилояти Свердловски ФР

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини якуми губернатори вилояти Свердловски ФР Алексей Шмиков ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо мақсади иштирок дар даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилояти Суғд ташриф овард.

Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, доир ба Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024", вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳамкориҳо байни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, тамоми имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам оварда шудааст.

Меҳмонон аз таклиф ба ярмарка арзи сипос намуда, изҳори боварӣ карданд, ки чорабинии сатҳи баланд барои шиносоӣ бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ мусоидат менамояд. 

Намояндагони вилояти Свердловск таъкид карданд, ки айни замон корхонаи азими саноатии "Уралгидромаш" ҳамкориро дар барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд оғоз бахшид. Мутахассисони рус аз пойгоҳҳои обкашии вилоят моҳи май соли ҷорӣ боздид намуда, барои таъмини пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти нав фаъолият намуда истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh