Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истиқлол
- Details
- Published on Thursday, 13 June 2024 12:21
12 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истиқлол сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар Раиси вилоят нахуст дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳр бо лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли оҳак шинос гардид. Маълумот дода шуд, ки ин корхона дар масоҳати 2 гектар сохта шуда, дар марҳилаи аввал то 100 тонна оҳак дар як шабонарӯз истеҳсол карда мешавад. Минбаъд дар навбати дуввум ва сеюм иқтидори истеҳсолӣ зиёд гардида, то ба 500 тонна дар як шабонарӯз баробар хоҳад шуд.
Барои фаъолсозии корхона дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда шуда, ашёи хоми маҳаллӣ истифода мешавад. Харҷи лоиҳавии сохтмони корхонаи нав 15 миллион сомониро ташкил дода, баробари ба кор андохтани он то 50 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Раиси вилоят иқдоми соҳибкорони маҳаллиро натиҷаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, ба инобат гирифтани тамоми нозукиҳои техникии соҳа, ҷалби мутахассисони варзида, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва басту банди он супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки марҳилаи аввали корхона соли равон ба истифода дода мешавад.
Дар ҳамин мавзеъ роҳбари вилоят сохтмон ва бунёди марҳилаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мисро мавриди назар қарор дод. Корхонаи саноатӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” сохта мешавад. Сохтмони хати нави истеҳсолӣ соли 2023 оғоз гардида, айни замон насби сутупояҳои металӣ аз тарафи бинокорон ҷараён дорад.
Маҳсулоти истеҳсолшавандаи хатти нави коргоҳи металгудозӣ ин истеҳсоли сурби металлии 99,99 фоиза, нуқраи 99,99 фоиза ва миси 45 фоиза мебошанд. Иқтидори нави саноатӣ дар шаҳри Истиқлол истеҳсоли сурби электролитӣ ба миқдори 30 ҳазор тонна, нуқраи элетролитӣ дар ҳаҷми 50 тонна ва матти мисӣ дар ҳаҷми 600 тонна ба маблағи 104,1 миллион сомонӣ дар як сол хоҳад буд. Бунёди коргоҳи мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикуноунии босуръати мамлакат ба роҳ монда шуда, ҳадаф рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат ва пеш аз ҳама бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон мебошад.
Дар шаҳри Истиқлол Раиси вилоят бо лоиҳаи бунёди боз як корхонаи саноатӣ шинос гардид. Зимни муаррифии лоиҳаи корхонаи сохташаванда маълумот дода шуд, ки дар ин мавзеъ аз тарафи ҶДММ «Файз Технолоҷи» корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳаксанг ба роҳ монда мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати 5 гектар бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он то 100 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Масъулин азм доранд марҳилаи аввали корхонаи мазкурро соли ҷорӣ ба истифода диҳанд.
Раиси вилоят аснои мулоқот бо сохтмончиёни таъкид дошт, ки дар шаҳри Истиқлол барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ зарфият ва имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Дар сурати бунёди корхонаҳои тавлидотӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад ва ҳам масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Сипас, роҳбари вилоят аз боғи хуч боздид намуда, барои зиёд намудани истеҳсоли хуч ба масъулин супоришҳо дод. Барои обёрии боғ хатти оби полезӣ аз масофаи 5,5 километр кашида шуда, ба таври худҷорӣ об то ба боғ мерасад. Майдони умумии боғи дарахтони хуч 150 гектарро ташкил дода, он ба 37 нафар хоҷагидорон тақсим гардидааст. Дарахтони хуч соли гузашта шинонида шуда, аллакай ба ҳосил даромадааст.
Бино ба андешаи мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ асосан хучи навъи «Шаҳло» хуб месабзад. Имрӯзҳо талабот ба хуч дар бозорҳои дохилӣ зиёд буда, он ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар бозори дигар кишварҳо харидорони худро дорад. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят феълан коркарди ин навъи маҳсулот дар шакли мураббо ва нӯшобаҳои табобатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва боғи навбунёд минбаъд метавонад дар таъмини эҳтиёҷоти чунин коргоҳу корхонаҳо бо маҳсулоти хом саҳм гузорад.
Дар шаҳри Истиқлол роҳбари вилоят ба дидорбинии собиқадорони меҳнат Шариф Муҳаммадрасулов ва Зоя Умарова рафта, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои пуливу моддӣ супорид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд