Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи «Апрелевка»
- Details
- Published on Thursday, 13 June 2024 10:17
12 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи «Апрелевка» шинос гардид.
«Апрелевка» аз корхонаҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият мебарад. Айни замон дар корхона наздик 1000 нафар ба шуғли доимӣ ва маоши хуб фаро гирифта шуда, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона зиёд мегардад.
Зимни боздид аз фабрикаи заршӯии корхона ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ин фабрика ҳамарӯза то 950 тонна маъдан коркард шуда, аз он тиллову нуқра ба даст оварда мешавад. Барои ин дастгоҳу технологияи муосир истифода гардида, зиёда аз 150 нафар кормандон машғули кор ҳастанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти корхона бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир азм дорад иқтидори истеҳсолии корхонаро тақвият бахшад. Бо ин мақсад мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб гардида, корҳои омӯзишӣ идома дорад.
Раиси вилоят дар суҳбат бо роҳбарият ва коргарони корхона иқдоми мазкурро саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шудааст ва бояд имкониятҳои саноати куҳӣ самаранок истифода бурда шавад.
Дар шаҳраки Консой роҳбари вилоят ҳамзамон фаъолияти корхонаи хурди «Зари тоҷик»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки «Апрелевка» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 10 нафар заргарон, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Дар ин корхона металҳои қиматбаҳо - тиллову нуқра то ба коркарди ниҳоӣ расонида шуда, маҳсулоти заргарӣ истеҳсол карда мешавад. Бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металу сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот дар ин корхона навъу намуди зиёди ҷавоҳирот ва маҳсулоти заргарӣ истеҳсол гардида, баробари пешниҳод дар бозорҳои дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.
Маҳсулоти тайёр дорои сертификати мутобиқат буда, сифати баланди он боиси зиёд гаштани сафи мизоҷон гардидааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд