Иҷрои нақша дар амал

Дар ҷамъбасти соли 2023 нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 35 миллиард 177,4 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардида, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 26,9 дарсадро ташкил додааст.

‐ Афзоиши нишондиҳандаҳои мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,7 дарсад, кишоварзӣ 15,1 дарсад, гардиши савдои чакана 12,9 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 43,9 дарсад ва ғайра таъмин гардид, ‐ гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода.

Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки дар натиҷаи чораю тадбирҳои андешида ва дар заминаи рушди вилоят, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят дар соли 2023 ба андозаи 104,5 дарсад таъмин ва ба буҷети давлатӣ 4 миллиарду 931,8 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Воридоти маблағ нисбат ба нақшаи тарҳрезишуда 210,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли қаблӣ 589,7 миллион сомонӣ ё 13,6 дарсад зиёд мебошад.

Доир ба муносибатҳои байнибуҷетӣ иттилоъ дода шуд, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи умумии 1 миллиарду 403,2 миллион сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 7,7 дарсад ё 99,9 миллион сомонӣ ва дар қиёс бо соли 2022 – юм 232,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов доир ба фаъолияти солонаи Раёсат иттилоъ дода қайд намуд, ки сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят дар соли 2023 ба маблағи 235,5 миллион доллар ҷалб карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ба маблағи умумии 4050 ҳазор доллар, кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи 1835,8 ҳазор доллар, сармояҳои мустақим ба маблағи 20,5 миллион доллар, ҳар гуна сармояҳо ба маблағи 90,1 миллион доллар ба қаламрави вилоят ворид гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сармоягузориҳои дохилӣ, аз ҷумла сохтмони иншоот аз тарафи соҳибкорони шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 70 миллион доллар баробар мебошад. Дар ҳудуди вилоят 19 лоиҳаи сармоягузории муштараки давлатӣ, дар доираи Барномаи давлатии сармоягузориҳо амал карда истодаанд. Арзиши корҳои азхудшудаи лоиҳаҳо дар соли 2023 ба маблағи 48,9 миллион доллар буда, аз аввали татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, маблағи азхудшуда 237,5 миллион долларро ташкил дод.

Ҳамчунин сардори Раёсат доир ба ифтитоҳи як қатор иншооти нав, аз ҷумла ҶДММ "Ганҷи Сомон", ҶДММ “Озода Косметикс”, ҶДММ “Кони ганҷ”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “Анко ‐ инвест”, ҶДММ “Папирус”, ҶДММ “Шишакор”, ҶДММ “Тоҷсохтмон”, ҶДММ “Мурғи бебаҳо”, ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик”, ҶДММ “Сохтмони Кабир” ва дигар корхонаҳои саноатии навтаъсис маълумот дод.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода зимни баромади худ қайд кард, ки қисми даромади буҷети вилоят ба ҳолати якуми январи соли 2024 ба андозаи 103,7 фоизи нақша иҷро гардида, 2872 миллион сомониро ташкил додааст. Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 2818,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 97,6 фоиз мебошад. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки барои маблағгузории соҳаҳои маориф 98,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 98,5 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 93,5 фоиз, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 94,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 96,9 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат ба маблағи 26051,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 18495,5 миллион сомонӣ аст, ки нисбат ба соли 2022 – юм 15,1 фоиз аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 12853,9 миллион сомонӣ ва чорводорӣ 5641,6 миллион сомонӣ ё худ 15,2 фоиз зиёд шудааст.

Доир ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ Ҳокимбек Накҳатзода иттилоъ дод, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии вилоят 2794,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 – юм 12,3 фоиз ё 391,4 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Вилояти Суғд бо 64 мамолик, аз ҷумла бо 11 мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва бо 53 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Ҳамчунин муовини сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Абдумавлон Қодиров иттилоъ дод, ки дар соли 2023 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақаҳо ба 35,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 108,3 фоиз расонида шуда, ҳиссаи он дар сохтори нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба 26,9 фоиз баробар шудааст.

‐ Ба истиқболи ҷашни 35 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди беш аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар амал дар миқёси вилоят 269 корхонаву коргоҳи нав бо 2455 ҷойи нави корӣ ба қайд гирифта шуданд, ‐ гуфт Абдумавлон Қодиров.

Дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол иттилоъ дода шуд, ки корҳо дар ин самт идома ёфта, дар ин давра 12 коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 128 ҷойи нави корӣ ва ду коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 8 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар корхонаҳои дӯзандагӣ ба маблағи 340,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 53,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 194,2 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ, аз ҷумла ба маблағи 124,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 70 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир ҳаҷми сармоягузориҳои ватанӣ ба иқтисодиёти вилоят 3,5 баробар афзудааст.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба фаъолияти чор Раёсатҳо саволҳои гуногун пешниҳод шуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh