Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли хишт ва маркази хизматрасонӣ дар деҳоти Чинори Панҷакент

Дар деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода коргоҳи истеҳсолии ҶДММ “Хишти манор” ба истифода дода шуд.

Коргоҳи мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Коргоҳ имкон дорад дар як моҳ то 30-35-ҳазор дона хишт истеҳсол намояд, ки асосан барои ороиши намуди зоҳирии биноҳо васеъ истифода мегардад. Баробари ба кор андохтани ин корхона 10 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ талаботи бозори дохилӣи то андозае қонеъ гардонида мешавад. Муассисон тасмим доранд дар оянда, дар сурати зиёд шудани талабот ҳаҷми истеҳсолро зиёд намоянд.

Дар деҳоти Чинор ҳамзамон бо иштироки Раиси вилоят маркази савдо ва хизматрасонии “Умедҷон” ба истифода дода шуд.

Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраи дандонпизишкӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи фуруши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ва нуқтаи таъмири мошинҳо ҷой дода шудааст.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал ва бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ назаррас арзёбӣ карда, барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh