МУНАВВАРКУНАНДАИ РОҲИ ФАРДО
- Details
- Published on Thursday, 19 January 2023 14:28
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати фаъолияти пурсамари ҷавонону бонувон, нақши эшон дар тараққиёти соҳаҳои амалкунанда чунин зикр гардидааст: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар партави Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат тибқи нақшаи омодагардида, бо мақсади тарғибу ташвиқи ҷавонону бонувон оид ба саҳми онон дар рушду нумӯи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ватандӯсту ватанпарвар будан, хизмати шоиста намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳунармандӣ рӯй овардани эшон ва дигар масоили марбута дар шаҳру ҷамоатҳои деҳот мулоқоту вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Дар ин бобат мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент Рӯзимоҳ Шодиева чунин ибрози ақида намуд:
‐Барои мо, бонувону модарон ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри зиндагиии шоиста бурдан ва фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ роҳнамо буда, он мунавваркунандаи фардои дурахшон мебошад. Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат омадааст: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба нерӯву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент фаъолияти худро дар партави Паёми Президенти мамлакат, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супориши Раиси вилояти Суғд ба роҳ монда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳо чораҳои дахлдорро, роҳандозӣ менамояд.
Аз ҷумла, баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатӣ корбариро тибқи нақша‐чорабиниҳои тасдиқгардида ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маънавиёти занону бонувон, ҷалби онҳо ба касбу кори гуногун ва омӯхтани ҳунарҳои ниёгон тадбирҳои судманд андешида истодааст. Чун анъана мунтазам баъди ба тасвиб расидани Фармони Пешвои муаззами миллат дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори Комиссариати ҳарбӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонон мутассаддиёни шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр низ бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар мавзӯъҳои “Хизмат ба Ватан шараф аст”, “Аскарбача, ту ифтихори ман!” маҳфилҳои адабӣ фарҳангӣ доир намуда, дар он собиқадорони арсаи сиёсат ва меҳнат, чеҳраҳои шинохтаи диёр, занону бонувони барӯманд ва модарони сарбозоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда истодаанд, фикру ақидаи хешро доир ба ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ва аламбардорони ояндаи Тоҷикистон иброз медоранд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳот низ доир гардида, намояндагони корхонаву ташкилотҳои сатҳи вилоятӣ ва шаҳрӣ, инчунин модарони даъватшавандаҳо оид ба мақом ва мартабаи ҷавонони фаъол дар ҷомеа, ҷонибдории сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, худкушӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар роҳи ватандӯстӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, мавриди амал қарор додани барномаю қонунҳо, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз маълумоти муфассал медиҳанд. Дар доираи баргузории чунин чорабиниҳо, мулоқоту вохӯрӣ ва конфронсу суҳбатҳо дар атрофи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои маҳбуби миллат ҷиҳати беҳтар намудани корҳои тарғиботӣ байни аҳолӣ, доир ба масъалаи қонунгузории шаҳрвандӣ, манзил ва оила, тарбияи фарзандон дар муҳити солими оилавӣ, мустаҳкамкунии оилаҳои ҷавон, ба расмиятдарории қонунии ақди никоҳ, дахолати шахси сеюм ба оилаҳои ҷавон, якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат, эҳтироми калонсолон, тарбияи дурусти фарзандон, ба оилаву оиладорӣ омода будани ҷавонон, шинохти мавқеъ ва эҳтироми оила дар ҷомеаи муосир бо иштироки оилаҳои намунавӣ, чеҳраҳои шинохта ва ҷавонон доир хоҳад шуд.
Дар нақша аст, ки бо иштироки беҳтарин тарроҳони шаҳру деҳоти Панҷакент бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ суҳбати муфид баргузор намоянд.
Ҳадафи асосии шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент пас аз ироаи Паёми навбатии Пешвои маҳбуби миллат арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрас ва чакан баҳри баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, ҳашарҳои дастаҷамъона ва вохӯрию мулоқотҳо дар мавзӯъҳои “Тоҷикона мепӯшем” ва “Зан маҳзари покизагист” мебошад.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”