Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Details
- Published on Monday, 03 October 2022 06:40
30 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.
Раиси вилоят нахуст сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ-инвест» - ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омехтаи паранда ва чорво бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, метавонад дар як соат 20 тонна маҳсулот истеҳсол созад. Бо ба кор шурӯъ намудани корхона 40 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор доимӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ дода шуд, то имрӯз 90%-и корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Сипас, Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмони маркази саломатии деҳоти Ҳайдар Усмонов шинос шуд. Маркази саломатии деҳоти Ҳайдар Усмонов тибқи нақшаи генералӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар он то 40 нафар табибон ба ташхису табобати беморон машғул хоҳанд шуд.
Раиси вилоят барои пурра омода намудани иншоот ва ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани атрофи онҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдат сардхонаи нав бунёд карда мешавад. Сохтмони сардхона моҳи августи соли 2022 оғоз шуда, моҳи ноябри соли равон ба истифода дода мешавад.
Сардхона барои нигоҳ доштани маҳсулотҳои кишоварзӣ сохта шуда, дар он 500 тонна маҳсулот нигоҳдорӣ карда мешавад. Маблағи лоиҳавии сардхона 2 миллиону 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят барои васлу насби таҷҳизоти зарурӣ, ки аз Чин ворид карда шудааст, ба масъулин тавсияҳо дод.
Дар идома роҳбари вилоят аз гармхонаи "ММК Агро" низ боздид карда, ба фаъолияти он баҳои баланд дод. Маҳсулоти гармхона-помидору бодиринг ба бозор бароварда шуда, нақши он дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд