Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Раиси вилоят дар оғоз таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд баён доштанд, бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин карда шавад.

Сипас, муовинони Раиси вилоят доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, иқтисод гузориш доданд.

Бо баррасии вазъи соҳаҳо Раиси вилоят барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои корхонаҳои саноатӣ бо назардошти таъмини на кам аз 130 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022, ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, рушди соҳаи пиллапарварӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла дар вилоят ва васеъ ба роҳ мондани коркарди он то маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои коркарди пӯст ва таъмини рушди соҳа, бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ, бунёди Маркази қолинбофӣ дар заминаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” тибқи супориши Сарвари давлат, захираи ангишт дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва фарҳангӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 , пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пешгирии таълимоти ғайриқонунӣ, тарбияи маънавии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, омодагӣ ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  захираи маводи ғизоӣ барои зимистон, ба мавсим омода намудани гармхонаву сардхонаҳо, ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар минтақаҳои мусоид, истифодаи самараноки заминҳо, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони ташкилоту корхонаҳо, пурра ба кишти такрорӣ фаро гирифтани заминҳои корами обӣ, таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабии истеҳсоли худӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh