ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ ЗИМИСТОН ДАР КАДОМ САТҲ?

- Захираи ангишт барои вилояти Суғд мушкилӣ надорад, зеро беш аз ду миллион тонна ангиште, ки дар миқёси ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад, тақрибан як миллиону 800 ҳазор тоннаи он дар вилояти Суғд истеҳсол мегардад. Аз ҷониби роҳбари Барқи тоҷик вобаста ба сифати ангишт чанд маротиба эрод гирифта шуда буд, ки ангишти пастсифат дастрас мегардад. Сифати ангишт дар кон бад нест, вале вақте аз он ҷо ба мо дастрас мегардад, то маркази барқу гармидиҳӣ расидан сифаташ бад мешавад, ҳол он ки аз лаборатория мегузарад. Дар ин ҷо муаммое пеш омадааст, ки сифати ангишт чаро паст мешавад. Хуб мебуд, ки барои муайян кардани муаммои пешомада барои мо кӯмак расонед, гуфт дар ҳисоботи худ зимни баргузории ситоди ҷумҳуриявӣ муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.

Чанде пеш ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи онлайн бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31‐уми марти соли 2022 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022‐2023” баргузор гардид. Дар ситод оид ба захираи маводи асосии хўрокворӣ, сўзишворӣ барои гармидиҳӣ, сўзишвории нақлиёт ва дигар маводи зарурӣ барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард дар давраи тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хол Ҳайдар зимни баргузории ситод қайд кард, ки дар буҷети вилоят барои соли 2022 ҷиҳати харидан ва захира намудани маводи сўхт ба маблағи умумии 18337,7 ҳазор сомонӣ, хароҷот пешбинӣ шуда, 17974,2 ҳазор сомонии он барои хариди ангишт равона шудааст, ки ба соҳаи маориф 13260 ҳазор сомонӣ, нигаҳдории тандурустӣ – 4274,6 ҳазор сомонӣ, фарҳанг – 241,7 ва ба дигар соҳаҳои буҷетӣ 197,8 ҳазор сомонӣ, инчунин барои хариди ҳезуми сахт 363,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 324,4 ҳазор сомонии он ба соҳаи маориф, 30 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, 5,6 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фарҳанг ва 3,5 ҳазор сомонӣ ба дигар соҳаҳои буҷетӣ рост меояд. Инчунин, бо мақсади сари вақт захира намудани маводи сўхт ба шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 8226,7 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Деваштич 1316,1 ҳазор сомонӣ, Ашт – 1098,8 ҳазор сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ – 405,9 ҳазор сомонӣ, Зафаробод – 479,1 ҳазор сомонӣ, Исфара – 1195,7 ҳазор сомонӣ, Конибодом – 1482,7 ҳазор сомонӣ, Спитамен – 413,1 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ – 802,8 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов – 534,6 ҳазор сомонӣ, Шаҳристон – 354,6 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Истиқлол 143,3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, нақша 100 фисад иҷро шудааст.

Доир ба зимистонгузаронии чорво иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ ба санаи 26 уми июли соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 295276 тонна ё 57,2 фоиз (дурнамо 516000 тонна) хошоки дурушт захира шудааст. Таъкид гардид, ки захираи маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла захираи орд 2555,3 тонна, равған 653,9 тонна, биринҷ 529,9 тонна, шакар 280,6 тонна, консерва 60488 қуттии шартӣ, картошка 1519,1 тонна, пиёз 570,3 тонна, сабзӣ 679,5 тоннаро дарбар мегирад. Маъракаи харидан ва захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхона ва анборҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва нуқтаи фурўш, чун ҳамасола аз санаи якуми октябри соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Барои беталаф паси сар кардани зимистони имсола захираи маводи асосии гармидиҳӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла захираи ангиштсанг – 7066,7 тонна, ҳезум – 425 метри мукааб ва сўзишвории дизелӣ – 716 ҳазор литрро дарбар мегирад. Ҳамчунин зимни баромади худ Хол Ҳайдар қайд кард, ки соли ҷорӣ барои фурўши ангиштсанг 201 нуқтаи статсионарӣ ва 319 нуқтаи сайёр бо захираи 5696,7 тонна ангиштсанг ва барои фурўши гази моеъ 402 нуқтаи статсионарӣ ва 6 нуқтаи сайёр, бо захираи 2021,5 тонна гази моеъ, ташкил дода, талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳоро таъмин менамоянд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар конҳои ангишти вилоят барои таъмини талаботи кишвар 762,4 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта 105,5 фоиз ё ин ки 40 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Доир ба омодагии муассисаҳои таҳсилотӣ, аз ҷумла соҳаи маориф гуфта шуд, ки барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 2023 дар муассисаҳои маорифи вилоят ба ангишт бо назардошти бақияи аввали мавсим 17674,9 тонна ва ҳезум 8256,7 метри мукааб талабот муайян шудааст. Ба ҳолати 26 – уми июли соли 2022 дар муассисаҳои соҳаи маориф захираи ангишт бо назардошти бақия 3907,0 тонна (22,1 фоиз) ва ҳезум 3412,4 мукааб метр (41,3 фоиз) ро ташкил намудааст. Дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ бошад, захира бо назардошти бақияи аввали мавсим 5616,3 тонна ангишт ва 1565,2 мукааб метр ҳезум ба нақша гирифта шудааст.

Дар соҳаи мазкур захираи ангишт 1235,8 тонна (22,0 фоиз) ва ҳезум 367,2 метри мукааб (23,5 фоиз) ро бо назардошти бақияи аввали мавсим ташкил медиҳад. Барои хариди сўзишворию равғанҳои молиданӣ бошад, аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 27,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Доир ба захираи рег, намак ва маводи зиддилағжиш гуфта шуд, ки аз ҷониби ФШС “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар минтақаи Суғд нақшаи захираи 5000 тонна рег, 350 тонна намак ва аз тарафи муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят” нақшаи захираи маводи зиддилағжиш (бе назардошти бақия дар аввали мавсим) дар ҳаҷми 2815,5 метри мукааб буда, ба ҳолати 20 уми июли соли 2022 – 530 тонна захира шудааст. Инчунин, омода намудани техникаю механизмҳои зарурӣ тибқи нақша ба роҳ монда мешавад.

Дар рафти баргузории ситоди ҷумҳуриявӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ доир ба омодагии Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум”, қарзи ҷорӣ, ҷамъоварии маблағ, пардохти барқ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавсими зимистонгузаронӣ пурсиш ба амал овард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh