КОРКАРД ВА СОДИРОТИ ПӮСТ БА ХОРИҶИ КИШВАР

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳим барои пешравии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди соҳаи саноат” эълон карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар назди масъулин вазифаҳои пурмасъул беш мегардад. Тавре аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бармеояд бояд ҳар як коргоҳ кӯшиш намояд, ки истеҳсол ва коркарди маҳсулотро то ба марҳилаи ниҳоӣ расонад, зеро он имкон медиҳад, маҳсулот ба пуррагӣ дар дохили кишвар коркард ва бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод гардад.

Ҳоло дар вилоят як қатор коргоҳҳои хурду бузург фаъолият доранд, ки сокинонро бо маҳсулоти баландсифат ба пуррагӣ таъмин карда истодаанд, яъне коргоҳҳои саноатӣ имконияти истеҳсоли масолеҳи воридотивазкунандаро доранду ба роҳ мондаанд. Алҳол дар вилоят корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ ва хўрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд. Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯз дар қаламрави вилоят саноатчиёну соҳибкорон бар он ҷаҳд доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла либосу пойафзол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Дар вилоят 12 коргоҳи истеҳсоли пойафзол, аз ҷумла ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд”, ҶДММ “Исфара Саманд”, ҶДММ “Базеб”, ҶДММ “Кафшгар,” ҶДММ “Пойафзолдӯзи Истаравшан”, ҶДММ “Абӯбакри Қаҳрамон” ва амсоли ин фаъолият доранд. Имрӯз маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои мазкур дар бозори дохилӣ мавқеи худро соҳиб гардида, ҳамарӯза барои сокинон навъҳои гуногуни пойафзолро пешниҳод мекунанд.

Бино ба иттилои масъулин, дар давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби коргоҳҳои саноатӣ 162 ҳазор ҷуфт пойафзол, 47 ҳазор ҷуфт пойафзоли бачагона, 44 ҳазор ҷуфт пойафзоли резинӣ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст. Тибқи маълумоти Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, дар давоми шаш моҳи соли равон 119 ҳазору 24 дона чарми хом ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Базеб” дар шаҳри Исфара фаъолият дошта, 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ҳастанд.

- Коргоҳ соли 2011 таъсис ёфта, то инҷониб фаъолият дорад. Дар давоми шаш моҳ коргоҳ ҳазор дона пойафзолро аз андозаи аз 36 то 44 ба мизоҷон пешниҳод кардааст. Коргоҳ имконият дорад, наздик 60 намуд пойафзоли мардонаро барои сокинон пешниҳод кунад, вале талабот ба маҳсулот дар сатҳи зарурӣ нест. Дар назди коргоҳ ду мағоза дорем ва ҳамарӯза барои сокинони шаҳр пойафзоли мардонаро вобаста ба мавсим чор – панҷ намуд пешниҳод мекунем. Дар охири моҳи апрел ба коргоҳ таҷҳизоти нав ворид кардем, аз ин ҳисоб ният дорем, ки истеҳсолро зиёд кунем, зеро аллакай пас аз ворид гардидани таҷҳизот дар давоми ду моҳ чорсад ҷуфт пойафзолро истеҳсол ва ба фурӯш баровардем, гуфт директори коргоҳи мазкур Баҳриддин Сироҷов. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли пойафзол ашёи хом аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешавад.

Бино ба иттилои масъулин нархи чарми воридшаванда муътадил буда, пойафзоли истеҳсолшаванда аз 150 то 250 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ашёи асосӣ дар истеҳсоли пойафзол ин чарм мебошад ва имрӯз навъҳои гуногуни чарм аз мамолики хориҷ ба вилоят ворид мегардад, зеро истеҳсоли чарм дар вилоят ба роҳ монда нашудааст. Чарм асосан аз пӯсти моли калону хурди шохдор омода мешавад ва бино ба иттилои мавҷуда, коркарди он дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдати вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд беш аз 140 ҳазор дона пӯсти чорвои калони шохдор коркард шудааст. Доир ба коркард ва ба содирот омода кардани пӯсти калони шохдор сармуҳосиби ҶДММ “Сомон чарм” Абдувоҳид Ваҳҳобов гуфт, ки коргоҳи коркарди пӯсти чорвои калони шохдор дар ҷумҳурӣ ягона буда, дар шаҳри Ваҳдат коркарди пӯсти моли майдаи шохдор ба роҳ монда шудааст.

- Дар коргоҳ асосан коркарди пӯсти моли калони шохдор ба роҳ монда шудааст, ки маҳсулоти ниҳоӣ ба хориҷи кишвар содирот мешавад. 90 фисади коркарди пӯст дар коргоҳ ба анҷом расонида мешавад. Маҳсулоти омодашуда асосан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Белоруссия содирот мешавад. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли коргоҳ коркарди 140 ҳазору 810 адад пӯстро ташкил дод, ки 110 ҳазору 560 адади он содирот гардид. Дар коргоҳ таҷҳизоти коркарди пӯст ба маблағи 7 миллион сомонӣ аз давлати Чин харидорӣ шудааст, гуфт Абдувоҳид Ваҳҳобов.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки барои сарҷамъ кардани пӯсти чорвои калони шохдор махсус гурӯҳи одамон ҳастанд, ки бо онҳо шартномабандӣ шудааст ва ҳамарӯза онҳо пӯстро ба коргоҳ дастрас мекунанд. Пӯсти чорво бештар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом дастрас мешаванд.

Давраи омодашавии пӯст аз се марҳала иборат буда, он тариқи хушконидашуда ба содирот равона мешавад. Алҳол 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ҳастанд. Дар бобати ба роҳ мондани истеҳсоли чарм масъулин иттилоъ доданд, дар нақша аст, ки дар ояндаи наздик фаъолияти коргоҳро васеъ карда, сехи нави истеҳсоли чармро ба роҳ монанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои омода кардани чарм дастгоҳҳои махсуси гаронарзиш ва масолеҳи кимиёвии махсус лозим аст ва дар ҳолати дастрас гардидани маблағи зарурӣ он харидорӣ мешавад.

Боиси таъкид аст, ки дар ҳолати ба роҳ мондани истеҳсоли чарм дар вилоят нархҳои пойафзол нисбатан арзон хоҳад шуд, зеро агар истеҳсоли пӯст то 90 фисад дар дохили кишвар омода гардад, пас истеҳсол ва ба фурӯш гузоштани масолеҳи чармин чанд маротиба дастрас хоҳад гардид.

Имрӯз дар мағозаву бозорҳо нархи пойафзоли чармини воридшаванда аз 300 сомонӣ ва боло аз он нархгузорӣ шудааст. Баробари содирот кардани пӯст мо боз масолеҳи худро чанд маротиба гарон дастрас мекунем.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh