ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА

Ду халқи ба ҳам дӯсту ҳамҷавор – тоҷику ӯзбек дарозои таърихи башарият марҳалаҳои басо ҳассосро паси сар карда, боз ба дидори ҳам расидаанд. Мардуми заҳматкаши Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон гарчанде забони гуногун доранд, аммо урфу одат, расму оин, фарҳангу маданияти онҳо якест. Аз ин ҷост, ки баъди кушода шудани марзҳо ва ба имзо расидани як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ рафтуомади ин ду халқи покдил бештар гашта, барои рушди ҳамаҷонибаи ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар меҳмонии суғдиён ин навбат гурӯҳи ҳунармандони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони ҳунар Алишер Солиев, Расулҷон Мирзоахмедов, Ҷаҳонгир Тоҷиев, Азизбек Абдуллоев ва дигарон буданд. Дар суҳбати атрофи мизи мудаввар, ки дар меҳмонхонаи «Суғдиён»‐и маркази вилоят бо иштироки ҳар ду ҷониб ба вуқуъ пайваст, пазироии гарму самимии аҳли ҳунари суғдзаминро раиси Ҷамъияти ҳунармандони Марғелон Расулҷон Мирзоахмедов нек арзёбӣ кард.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки тоҷикону ӯзбекон аз қадимулайём ду халқи ба ҳам дӯсту бародар буда, фарҳанг, маданият, расму оини якхела ва ба худ хос доранд. Бар замми ҳамсоягию меҳмондӯстӣ ва дили бузургу беолоиш доштани мардумони ин сарзамин маҳорати касбу ҳунаромӯзиашон ҳам ба ҳам наздик аст. Дар ҳудуди кишвар тамоми шароитҳо барои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун аз қабили бофандагӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, кундалгарию кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ мавҷуд аст. Бесабаб нест, ки давоми се сол дар ҳудуди мамлакат «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар ин муддат мардум тавонистанд аз нозукиҳои ҳунарҳои қадима аз наздик шинос шаванд, барои эҳёи он камари ҳиммат банданд.

Бо иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳунармандони ду кишвар метавонанд маҳсулотҳои худро пешкаши ҳамдигар гардонида, барои ҳамкории дуҷониба мусоидат намоянд, гуфт Анвар Яъқубӣ.

Дар суҳбати атрофи мизи мудаввар директори «Мактаби эҳё ва рушди ҳунармандӣ»‐и вилояти Суғд Муҳаммад Ёқубов, мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов, директори Ҷамъияти «Сафинаи Суғд» Сулаймон Султонов дар мавзӯи «Рушди соҳибкорӣ тавассути маҳсулоти ҳунармандӣ дар вилояти Суғд», намояндаи ҶДММ «Озара» Мавҷуда Набиева, раиси ҷамъияти «Нурониҳо»‐и шаҳри Марғелон Турғунбой Нишонов, ҳамчунин дигар ҳунармандон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан гуфта, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаро пешниҳод намуданд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh