МАВСИМИ ОМОДАКУНИИ ШАРБАТУ АФШУРАҲО: КАДОМ ҚОИДАҲОРО БОЯД РИОЯ КАРД?

Ҳамасола барои таъмини эҳтиёҷоти аҳли хонавода аз мавсими тобистон омодагӣ дида, тариқи консервакунии меваҷоту сабзавоти тару тоза барои зимистон захира менамоям, изҳор дошт Мавзуна ба дугонааш, дар мавсим то 200 адад бонкаи консерв, боз анвои гуногуни мевагиҳоро хушк мекунам, то дар фасли сармо низ пайвандонам маҳсулоти серғизоро васеъ истифода баранд.

Воқеан, бонувон сарфи назар аз мавсим кӯшиш менамоянд, ки дастархони пурнозу неъмат бо ғизои солим ба аъзои хонавода пешкаш созанд. Ин суҳбати ду нафар маро водор сохт, ки ба андеша равам, то кадом андоза ғизои дар шароити хона омоданамудаи онон солим асту ба саломатии аҳли хонавода хатар надорад. Оё дар омодасозии хуришҳои консервӣ ҳамаи меъёрҳои ба талабот ҷавобгӯ риоя гардида ва бехатаранд? Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои зарурии муайяншуда ба чӣ оварда мерасонанд?

Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба ин масоили рӯз ба мутахассисони соҳа муроҷиат намудем.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Муродҷон Мирзоев, консервакунонӣ дар шароити хона, ҳарчанд кори на он қадар душвор бошад ҳам, қоидаҳову тартиби худро дорад ва баҳри ҳифзу эмин нигоҳдории саломатӣ риояи он ҳатмист. Дар ҳолати камтарин хато, риоя нагардидани технологияи омодасозӣ, нодуруст тартиб додани таркиби он ва пурра коркард нашудани маҳсулот метавонад сабаби вайроншавии консерваҳо ва пайдоиши микроорганизмҳои ба саломатӣ зараровар гардад. Ба анлешаи мутахассиси соҳа, дар шароити хона консервакунонии маҳсулоти моҳӣ, занбурӯғ, гӯшт ва кабудиҳо хатари бештар дошта, тавсия дода намешавад. Барои консервакунӣ маҳсулоти пухтаи дорои сифати хуб, бе ягон аломатҳои иллатнокӣ ва вайроншавӣ бояд интихоб карда шавад.

Тайи солҳои охир дар натиҷаи риоя нагардидани раванди омодакунии хӯришҳо дар зарфҳои гуногун ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз истеъмоли маҳсулоти сабзавотии консервӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи таҳлили коршиносон риоя нагардидани раванди технологияи консервакунонӣ боиси мубтало шудан ба ҳар гуна касалиҳои сироятӣ мегардад. Хӯришҳои консервии вайроншуда, ҳатто, метавонад, ба фавти одам оварда расонад. Ҳаёти аъзои оила ва дигар истеъмолкунандагонро набояд зери хатар гузошт. Он банкаҳои консервае, ки дар хона аз соли гузашта мондаанду сарпўшашон варам ва ё зангзада аст, хатарнок ҳисоб меёбанд. Истеъмоли маҳсулоти чунин банкаҳо ба саломатии инсон хатар дошта, боиси заҳролудшавӣ мегарданд.

Сабаби асосии ба чунин ҳолат расидани банкаҳо, риоя нагардидани қоидаҳои консервакунонӣ ва ба қадри кофӣ тамйиз (стерилизатсия) накардан аст, ки дар натиҷа ба афзоиши микроб дар дохили зарф оварда мерасонад. Фаромӯш набояд кард, ки микроб дар ҳарорати 120 С° маҳв мешавад. Мутахассисони соҳа ба истеъмолгарон тавсия медиҳанд, ки маҳсулоти зарфҳои варамидаро умуман истифода набаранд. Инчунин, агар оби дохили зарф сафед, хира ё ғайримуқаррарӣ шуда бошад, истифодаи он қатъиян манъ аст. Ё ки дар ҳолати кушодани сарпӯши оҳанин аз он бӯи ғализ барояд, аз истеъмоли он худдорӣ кардан зарур аст.

- Дар ҳолати риоя накардани гуфтаҳои болозикр гирифторӣ ба бемории ботулизм аз эҳтимол дур нест. Ин беморӣ оқибати вазнин ва хатарнок барои ҳаёт дошта, аксар вақт ба системаи асаб, вайроншавии биноиш, фурӯбарӣ, нутқ ва ҳолати вазниншавии нафаскашӣ оварда мерасонад. Ботулизм ин заҳролудшавиест, ки аз нейротоксини боқуват токсини ботулинӣ ба амал меояд ва онро шакли вегетативӣ бактерияи кластридиум (Clostridium) ботулинум хориҷ мекунад. Тавассути маҳсулотҳои хўрокворӣ инсон метавонад аз 2 намуди ботулизм ин ҳам бошад ботулизми ғизоӣ ва ботулизми кўдакон сироят ёбад. Ботулизми ғизоӣ ин заҳролудшавиест, ки онро истеъмоли ғизои қаблан сироятёфта бо токсини ботулинӣ ба вуҷуд овардааст. Ботулини ғизоӣ хусусан бо он хатарнок аст, ки дар як вақт вай метавонад ба шумораи зиёди одамон, ки маҳсулоти сироятёфтаро истеъмол кардаанд, зарар расонад, иброз дошт зимни суҳбат мутахассиси соҳа Муродҷон Мирзоев.

Ботулизми кўдакона ниҳоят кам дида мешавад ва асосан сироятёбӣ ҳангоми истеъмоли асал ба вуқуъ меояд. Дар айёми кўдакӣ мавҷуд набудани механизмҳои муҳофизатии табиӣ, ки бадтар ташакул меёбад, табибон додани асалро ба кӯдакони синни то як сола тавсия намедиҳанд. Дар шахси заҳролудшуда дарди сахти шикам, дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, хастагӣ, дарди сар, хирашавии чашм мушоҳида мегардад. Даҳони бемор хушк гашта, овозаш мегирад, васеъшавии гавҳараки чашм, фаромадани пилки болоӣ ва олусии чашм ба назар мерасад. Фурўбарии бемор мушкил мегардад, зеро фалаҷи ҳалқ ва коми нарм ба вуҷуд меояд ва набз шиддат меёбад, фишори хун паст шуда, нафастангӣ ба амал меояд. Қабзияти шикам, сустии мушакҳо ба назар мерасад. Ҳангоми мушоҳидаи чунин аломатҳо беморро фавран бояд ба беморхона бурд.

- Дар ҳолати сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тандурустӣ ва гирифтани табобат беморон дар муддати 10‐12 рӯз саломатиашонро барқарор менамоянд.

Худтабобаткунӣ оқибатҳои ногувор дошта, одамро то ба фавт оварда мерасонад. Чуноне, ки дар урфият мегӯянд “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”, бо назардошти ин омилҳо коршиносон тавсия медиҳанд, ки истеъмолкунандагон ҳуқуқҳои худро бояд донанд, аз маҳсулот ва хӯришҳое истифода намоянд, ки дар корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шарбатбарорӣ тибқи талаботи регламентҳои техникӣ, риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва стандарти давлатӣ омода шуда бошанд.

Ҳангоми харидории чунин маҳсулот ба сифат, ҳолати нигоҳдорӣ, санаи барориш, муҳлати истифодабарӣ, ранг, бӯй эътибори махсус додан зарур аст, то саломатии худ ва дигаронро ҳифз намоем.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh