Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

4 июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят,  роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, барои иҷрои саривақтию босамари дастурҳои Сарвари давлат дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд. Қайд карда шуд,  ки корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат дода шуда, бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт таъмин карда шаванд.

Барои ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хурока, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи сўзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шавад.

Супориш дода шуд, ки ба истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда, масъулин барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh