Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов

23 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолони ноҳия мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон баргузор гардид ва Сарвари давлат дар суханронии пурмуҳтавои хеш вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар партави ин дастуру супоришҳо роҳбарият ва фаъолони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расуловро низ зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати таъмин намудани иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Махсусан, дар ноҳия бояд дар самти таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал,  пешгирӣ кардани болоравии нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, бомаром амалӣ гардондани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар тадбирҳо  масъулияти баланд ва муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шаванд.

-Чуноне Сарвари давлат зикр доштанд, дар шароити имрўза, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулинро зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо чораҷўӣ намуда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монанд,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Зимни таҳлили соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов таъкид шуд, ки дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди бомароми соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии он таъмин шуда истодааст. Новобаста аз ин дар ин самт камбудиҳо низ ба назар мерасанд.

Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи умумии 75,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 млн сомонӣ зиёд буда, 126,9 фоизро ташкил медиҳад. Баробари ин, дар соҳаи саноати ноҳияи Ҷаббор Расулов як қатор мушкилоти ҷиддӣ ҷой доранд, ки бидуни бартараф намудани онҳо рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намудан душвор мебошад.

Вобаста ба ин ба мақсад мувофиқ аст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия куллан ҷоннок карда шавад. Зарур аст, ки барои истифодаи самараноки майдонҳои истеҳсолӣ, бинову иншоот ва дигар иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳо маблағгузориҳои мақсаднок равона карда, ба ин васила диверсификатсияи истеҳсолот таъмин карда шавад.

Истифодаи самараноки замин яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, роҷеъ ба ин масъала эътибори роҳбарияти давлату Ҳукумат рўз то рўз меафзояд. Зеро иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба истифодаи самараноки замин вобастагӣ дорад. Бо назардошти ин, масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бобати таъмини дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин,  ба кор даровардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд.

Раиси вилоят ҳамзамон барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар маҳаллаву деҳаҳо, таъмиру тармими иншооти фарҳангиву ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо шуғли доими фаро гирифтани мардум, бахусус, занону духтарон,  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсоси масъулият аз ҷониби онҳо дар самти риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар замири насли наврас, ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасон ба маҳфилҳои худфаъолияту чорабиниҳои фарҳангӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб дар назди роҳбарияти ноҳия вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh