Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо раисони Палатаи савдо ва Палатаи саноати Қайсарӣ

Дар шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Палатаи савдои Қайсарӣ Умер Гулсой ва раиси Палатаи саноати Қайсарӣ Мехмет Буюксимитчӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуд, ки сафари намояндагони вилояти Суғд ба Туркия барои таҳкими ҳамкориҳо замина гузошта, минбаъд барои беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.

Аз масъулини Палатаи савдо ва Палатаи саноати ин минтақа даъват карда шуд, ки дар вақти муносиб ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо шароиту имконоти мавҷуда ва фазои сармоягузорӣ шинос шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh