СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА КИШВАРҲОИ ХОРИҶ

Сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ, инчунин тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Содирот яке аз роҳҳои пешравии иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад, зеро тариқи он метавон маҳсулоти худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, сатҳи иқтисодиёти аҳолиро боло бурд. Алҳол дар вилояти Суғд содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз хуб ба роҳ монда шудааст. Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии гумруки вилоят давоми чор моҳи соли равон 3 939 687 килограмм пиёз ба давлатҳои Қазоқистону Россия содирот шудааст.

Ҳамчунин дар мавсим аз вилоят маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла карам, сабзӣ, шалғам, зардолу, ангур, олуча, гелос ва олу низ содирот мешаванд. Боиси қайд аст, ки маҳсулоти кишоварзӣ бештар аз нуқтаҳои гумрукии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ содирот шудаанд. Ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ноҳияҳои асосии содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ буда, доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ноҳияи Ҷаббор Расулов Забаршоҳ Ғайратшоҳзода иттилоъ дод, ки давоми чор моҳи соли равон аз гузаргоҳи сарҳадии ноҳия 8 100 тонна пиёз ва 2 ҳазор тонна сабзӣ содирот шудааст.

Сардори идораи кишоварзии ноҳия Хайрулло Бобозода доир ба кишти пиёз ва сабзӣ маълумот дод, ки соли равон ноҳия дар майдони 300 гектар пиёз ва 150 гектар сабзӣ кишт шудааст. Алҳол дар ноҳия 3 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ мавҷуд буда, барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ камари ҳиммат баста истодаанд.

- Пиёз дар се марҳала - моҳҳои сентябр - декабр ва дар оғози фасли баҳор кишт мешавад ва ба содирот бештар маҳсулоте, ки дар моҳи декабр ва аввали баҳор кишт шудааст, равона мешавад. Афзоиши кишти пиёз ба нарх вобастагии зиёд дорад, кишоварзон соли гузашта дар масоҳати 450 гектар пиёз кишт карда буданд ва бинобар арзон шудани нархи он имсол кишти пиёз кам гардид. Сабаби асосии онро кишоварзон дар рӯйпӯш нагардидани маблағи арзиши маҳсулоти рӯёнида маънидод карданд. Маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус пиёз ва сабзӣ на танҳо бозори дохилӣ, балки берун аз кишварро низ таъмин мекунанд, - гуфт Хайрулло Бобозода.

Сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуҳаким Қаландаров иттилоъ дод, ки соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 2 ҳазору 886 гектар пиёз, аз он дар шаҳру навоҳии Истаравшан - 1202 гектар, Бобоҷон Ғафуров - 837 гектар, Ҷаббор Расулов - 300 гектар, Деваштич - 261 гектар ва Зафаробод - 154 гектар кишт шудааст.

Боиси зикр аст, ки кишти пиёз дар вилоят то охири моҳи май идома хоҳад ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар қаламрави вилоят дар майдони 890 гектарсабзӣкишт гардида, ондар шаҳрунавоҳии Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич бештар ба назар мерасад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh