ТАДБИРАНДЕШӢ ДАР САМТИ СОДИРОТ ВА ТАШКИЛИ ҶОЙҲОИ КОРӢ

Дар шаҳри Бӯстон аз соли 2017 инҷониб бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 корхонаи саноатии гуногунсамт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳҳои саноатӣ сокинони вилоят барои дарёфт ва таъминот бо ҷойи корӣ имконият пайдо карданд. Дар ин замина вазъи иқтисодиёти шаҳр ва иҷроиши буҷет рӯ ба афзоиш ниҳод.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати зиёд гардондани самти соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, раванди содироти маҳсулоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва дар доираи эълон гардидани солҳои2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” ва беҳтар намудани вазъи соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст, - гуфт муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардоштихизматрасониибарқу об дар се моҳи соли 2022 ба маблағи 158,2 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 – ум 32 миллион сомонӣ зиёд ё худ 125,4 фоизро ташкил дод. Алҳол дар шаҳр 38 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 1700 корманд фаъолият карда истодаанд.

- Дар ин давра бо иштироки Пешвои муаззами миллат корхонаи истеҳсоли қубурҳои оҳанин ва профили ҶДММ “Ганҷофар”, корхонаи истеҳсоли мехи печони ҶДММ “Нуртез” ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ ва армуғонии “Зари Суғд” – и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба истифода дода шуд, ки дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, - гуфт номбурда.

Инчунин, ду коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯроки парандаи ҶДММ “Камоли Ворис” ва корхонаи истеҳсоли гази оксигении ҶДММ “Ваҳдати Бӯстон” мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ тадбирҳо андешида, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон истеҳсоли маҳсулоти гуногун, амсоли орд, сабӯс, кунҷора, оби маъданӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодӣ, машрубот, арматураи сохтмонӣ, халтаҳои полипропеленӣ, халтаҳои полиэтиленӣ, коғази ташноб, сачоқчаҳои хушк, мех, кислород, маҳсулоти доруворӣ, тахтасангҳои мармарӣ, шиферҳои асбестӣ, қубурҳои пластикӣ, профилҳои металлӣ, либоси ҳарбӣ, конбикорм барои паранда ва дигар намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Доир ба масъалаи содиротӣ иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулоти сабӯс, ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содироти маҳсулоти полипропеленӣ ба роҳ монда шудааст. Коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷфилиз» - ширкати муосири истеҳсоли васлкунандаи сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ширкат (дар ду сехи истеҳсолӣ) зиёда аз 150 намуд мехипечида ва сохтмонӣ, кидар сохтмон ва истеҳсоли мебел васеъ истифода мебаранд, истеҳсол менамояд. Маҳсулоти ширкат дар қаламрави вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар, инчунин берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон фурўхта мешавад. - Ширкати ҶДММ “Тоҷфилиз” аз 23 – юми февралисоли2019 баистеҳсоли мех ва маснуоти филизӣ машғул мебошад. Маҳсулоти ширкат бо технология ва таҷҳизоти пешқадами аврупоӣ ва ашёи хоми истеҳсоли Федератсияи Россия омода мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда назорати бисёрзинагии сифатро дар ҳама қадамҳои истеҳсолот мегузарад. Номгӯи маҳсулоти ширкат дорои сертификат буда, ба стандарти давлатӣ (ГОСТ) мувофиқ буда, сифати баланди маҳсулотро кафолат медиҳад, - гуфт директори кулли ҶДММ “Тоҷфилиз” Ҷамшедхон Байзоев. Боиси қайд аст, ки дар ширкат сертификатсияи менеҷменти сифат нисбат ба истеҳсоли маҳсулоти металлӣ – мехҳои печида, винтҳои печида ва болтҳо, аз ҷумла фарориши хунук, рахапечғелонӣ, обутобдиҳӣ, коркарди кимиё - термикӣ, рӯйпӯши муҳофизатии ҷузъҳо – галванӣ, фосфатӣ, оксидӣ, баркашӣ, тақсимот ва борпечкунии маҳсулот гузаронида шудааст.

Дар коргоҳ 95 нафар сокини маҳаллӣбо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, музди маоши миёнаионҳо 1800 сомониро ташкил медиҳад. Баҳри васеъ намудани фаъолияти коргоҳ ва дар татбиқи раванди содироти маҳсулоти саноатӣ роҳбарияти ҶДММ “Тоҷфилиз” бо намояндаи ҳокимияти иҷроияи Белоруссия ва корхонаҳои саноатӣ оид ба ҳамкории минбаъда гуфтушунид анҷом дода, бастани шартномаи дуҷониба ва гузаронидани такмили ихтисоси кормандонро роҳандозӣ кардаанд.

- Дар доираи эълон гардидани панҷсолаи рушди соҳаи саноат ва баҳри амалигардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳ тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли маҳсулотро зиёд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад. Баробари ин, нақша дорем, маҳсулоти истеҳсоли худиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар самти содирот ва бастанишартномаҳоинавуманфиатнок бо коргоҳҳои азими кишварҳои хориҷ комёб гардем, - гуфт Ҷамшед Байзоев.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh