ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ БАХТ

Аз таъсисёбии яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят - Зафаробод, ки онро гоҳҳо «Мирзочўли тоҷик» ҳам ном мебаранд, беш аз ним аср сипарӣ шудааст. Дарозои ин солҳо ин ноҳияи пахтакор дар рушду нумўи вилоят, хоса тавассути пешбурди корҳои кишоварзӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия махсусан дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле рушд карда, дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Пешвои муаззами миллат борҳо ба ноҳия ташриф оварда, бо суханҳои самимӣ мардумро дилгарм намуда, чунин таъкид мекарданд: «Ватани моро, хонаи моро каси дигар обод намекунад.

Соҳаҳои фалаҷгаштаи хоҷагии халқ, мактабҳо, беморхонаҳо, роҳу пулҳоро обод кунед, биноҳои наву замонавӣ созед, Ватанро боз ҳам ободу зебо намоед». Сафарҳои Сарвари давлат ба рушди устувори самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия такониҷиддӣбахшиданд. Дар натиҷа соҳаи пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва ғайра, ки қариб аз фаъолият бозмонда буданд, аз нав рушд карданд, нуқтаҳои хизматрасонӣба кор оғоз намуданд, соҳибкорӣ равнақ ёфт, кори соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҷоннок гашт. Ҷамоату деҳоти ноҳия дар давоми чор панҷ соли охир ободу зебо гардида, дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои азим ба амал омаданд.

Дар деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳия, ки яке аз минтақаҳои дурдасти ноҳияи Зафаробод маҳсуб меёбад, сокинонаш бо тафаккури созандаю иқдомоти бунёдкорона аз пайи зиндагӣ ва ободу зебо кардани деҳа мебошанд. Ба истиқболи санаи фархундаи сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кисӣ сол сипарӣ гардид, тибқи нақша, чандин иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Баҳри обод намудани манзили зист, саҳми сокинону соҳибкорони деҳа хеле назаррас аст. То таҷлили бошукўҳи ҷашни таърихӣ дар деҳаи Бахт иншооти гуногун, амсоли маркази саломатӣ, маҳаллахонаи замонавӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ, сартарошхона, чойхона, нуқтаи фурўши сўзишворӣ, чароғонкунӣ, кошонаи ҳусн ва сартарошхона сохта, ба истифода дода шудааст.

Бояд гуфт, ки бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Ҷонмуродовҳо дар ҷойи нообод се иншоот бунёд ва дар рўзи таҷлили ҷашни бошукўҳи 30 - солагии Истиқлоли кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Иншоотиаввал мағозаи фурўши маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили тахтаҳои андозаи мухталиф, арматураю симҳои гуногунандоза, ошхона барои сайёҳону сокинони деҳа ва устохонаидару тирезасозӣиборат буда, дар он 10 нафар сокини маҳал бо кори доимӣ таъмин аст. Иншооти дуюм бошад истеҳсоли хишти блок ва иншооти сеюм сартарошхона мебошад, ки то имрўз ба мардум хуб хизмат расонида истодааст.

Тибқи иттилои Отабек Амонов, раиси маҳаллаи Бахти ҷамоати мазкур оилаи Ҷонмуродовҳо яке аз оилаҳои фаъолтарини деҳа ба ҳисоб рафта, бо сардории Саидёр Ҷонмуродов 15 нафар сокини деҳаро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.

Имрўзҳо сарвари оила ҳамроҳи фарзандони соҳибкори худ ба таъмиру тармими куллии бинои дуошёнаи бекорхобидаи маркази деҳа машғуланд. Соҳибкорон азми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ва ташкили маркази фарҳангӣ – истироҳатиро доранд. То ба ин васила сатҳи зиндагиву фароғати ҳамдеҳагонашонро боз ҳам беҳтар гардонанд. Аз ҷаҳду талоши ободгароёнаи соҳибкорон Ҷонмуродовҳо руҳу илҳоми тоза гирифта дигар соҳибкорону сокинони деҳа низ дар ободониву созандагии диёр саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Баробари ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои сокинони деҳаи Бахти ноҳияи Зафаробод боз се муаммои асосӣ, аз қабили таъмини сокинон бо оби ошомиданиву полезӣ ва мумфарш кардани роҳи асосӣ мебошад, ки тайи 6 соли охир ҳалли худро пайдо накардааст.

- Дар деҳаи Бахт наздик 3 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд аст, ки солҳои дароз дар орзуи оби полезиву ошомиданӣ ва роҳи мошингард мебошанд. Бояд гуфт, ки чанд сол аст, ки чоҳи амудии деҳа аз кор мондаву мардум пиёдаву савора аз масофаи дур оби нўшокиро мекашонанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Аз рўи гуфти сокинони маҳаллӣ, чоҳи амудиро аз сабаби ба талаботи санитарӣ ҷавобгў набуданаш онро хокпўш кардаанд, ё дигар об дар ин чуқурӣ вуҷуд надорад. Ҳоло бошад, дар натиҷаи беэътибории мақомоти маҳаллӣ ва масъулини ин соҳа сокинон на танҳо барои кишт об намеёбанд, балки барои худу чорвои худ низ бо мушкилӣ обро дастрас мекунанд. Сокинони деҳа оид ба ин муаммо чандин маротиба ба мақомоти дахлдори болоӣ муроҷиат намуданд, аммо ҳалли худро то ҳол пайдо накардааст.

- Дар деҳаи Бахт, ки панҷ ҳазор гектар замини корам мавҷуд мебошад дар давраи шўравӣ дар як сол то 4 ҳазор тонна нақшаи пахтаро иҷро мекард. 15 сол инҷониб аз сабаби вайрон шудани нуқтаи обкашии ГНС - 4 муаммо ба миён омад ва оби полезӣ ба ин минтақа таъмин нагардид. Аз ин сабаб наздик 5 ҳазор гектар замини корам ба заминҳои лалмӣ табдил ёфт ва сокинон аз баҳри замин баромада, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, - гуфт О.Амонов.

Имрӯзҳо бо иқдом ва ташаббусҳои неки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати бартараф намудани ин муаммоҳои зикргардида чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Сокинони меҳнатқарини деҳаи Бахти ноҳияи Зафаробод сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, умед доранд, ки то ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаммои оби нўшокиву полезӣ ва мумфарш кардани роҳи асосии деҳа ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh