РАҲНАМОИ ОБОДИИ ФАРДО

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамалакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи навитаълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби Президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд ва ба истифода дода, дар онҳо 150 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар зинаи таҳсилоти ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ нисбат ба соли 1999-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён 3-юним баробар зиёд мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ сол аз сол шумораи ҷавонони боистеъдоди дар хориҷи кишвар таҳсил дошта, афзоиш ёфта, дар солитаҳсили соли 2021 дар 25 давлати хориҷӣ беш аз 42 ҳазор нафар расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавон барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа, стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошад.

Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи аҳолӣ аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз ва аз 1-умииюлисоли2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намуди стипендия 20 фоиз ва андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рўи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-ум 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, тайи 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд ва ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ ва 78800 корманд фаъолият мебарад.

 Дар давоми 30 соли Истиқлолият 187000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббии тайёр карда шудааст. Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣзаминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дасгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самтитаъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳамин тавр, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду мушкилоти соҳаҳои хоҷагии халқ зикр гардидаанд ва ҳар яки моро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ҳиссаи арзандаи худро гузорем.

Гулнора ВАЛИҶОНОВА,

мудири кафедраи ҷамъиятшиносии

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

Инобат ГАДОЙБОЕВА,

омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

Add comment


Security code
Refresh