Қадршиносии ғолибони озмуни «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин»

10 январ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому мукофотпулиҳо тақдим гардид.

Маросими қадршиносии ғолибони озмун бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифта, ба ғолибони бахшҳои озмун Диплому мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми аз 1 000 то 6 000 сомонӣ супорида шуд. Ин озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода эълон шуда буд.

Тибқи баҳогузориҳои ҳакамон оилаи Абдуҳафиз Ҷабборов, сокини деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Дипломи дараҷаи 1-ум, вимпел ва мукофот ба маблағи 3 000 сомонӣ, оилаи Мўҳтарам Алимова, сокини маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо Дипломи дараҷаи 2-юм ва мукофот ба маблағи 2 000 сомонӣ ва оилаи Ғобилҷон Бобоев - сокини маҳаллаи Сои Зебони шаҳри Панҷакент бо Дипломи дараҷаи 3-юм ва маблағи 1 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар бахши кӯчаи беҳтарин кўчаи “Ҷавонӣ”-и маҳаллаи 3-юми шаҳри Гулистон, кўчаи ба номи Маҳмуд Мирбобоеви маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд ва кўчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар бахши маҳаллаи беҳтарин маҳаллаи “Мевағул”-и шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи “Чорум”-и шаҳри Гулистон ва маҳаллаи “Озодӣ”-и шаҳри Бўстон, дар бахши деҳаи беҳтарин деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, деҳаи Навбаҳори деҳоти ба номи Абдураҳмон Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва деҳаи Нови деҳоти ба номи Турсун Ўлҷабоеви ноҳияи Спитамен, дар бахши деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар бахши шаҳраки беҳтарин шаҳраки Истаравшани шаҳри Истаравшан, шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ғолиб дониста шуданд.

Ҳамзамон ноҳияи Ашт барои нишондҳандаҳои назаррас беҳтарин ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд дар соли 2021 дониста шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh