ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ ҶАШНИ ТАЪРИХӢ
- Details
- Published on Friday, 07 January 2022 09:09
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки дар баробари мардуми шарафманди кишвар мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд дар фазои ободу ороми кишвар бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли таърихии 30 - солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд,-гуфт Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуотии ин ниҳод.
Номбурда зикр намуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими марказ дар соли таърихии 2021 ин сохтмони бинои нави маъмурии панҷошёнаи Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят мебошад, ки он санаи 12 – уми июни соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки воқеан яке аз дастовардҳои бузург дар замони соҳибистиқлолии кишвар буда, орзуи деринаи кормандон ҷомаи амал пӯшид. Бинои хуштарҳу замонавӣ аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дар он тамоми шароитҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ фароҳам оварда шудааст.
Яке аз натиҷаҳои назарраси марказ дар соли 2021 ин дар сатҳи баланд ташкил ва баргузори озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ташаббуси Агентии “Тоҷикстандарт”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуд. Озмуни мазкур бахшида ба ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлоли кишвар ва эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз рӯи номинатсияҳои: маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳои саноатӣ барои аҳолӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии савдои чакана баргузор гардид, ки баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, инчунин муаррифии маҳсулоти беҳтарини корхонаҳои истеҳсолӣ, кору хизматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона шудааст.
Дар даври вилоятии озмун 90 корхонаву ташкилот ва соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо 93 номгӯи маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда иштирок намуда, 32 корхонаву муассиса дар даври вилоятӣ ғолиб дониста шуда, дар ҷамъбасти озмун дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, сазовори ҷоиза ва диплом гардиданд. Инчунин, мутахассисони марказ дар соли равон баҳри дастгирии соҳибкорон бо иштироки роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ғизоӣ ва саноатӣ оид ба талаботи “Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ”, “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ”, “Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ” семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.
Илова ба ин мутахассисон дар доираи татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, ҳимояи бозори дохила аз молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагон, дастгирии соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар истеҳсолот ва соҳаи хизматрасонӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, амалӣ намудани барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”