НОМАИ ТАҚДИРИ МАРДУМИ САОДАТМАНД

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Аз 4 январи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо интихобкунандагон мулоқот намуда, нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода истодаанд.

Дар шаҳри Хуҷанд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ, дар шаҳри Истаравшан вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Умаров, дар шаҳри Конибодом вакили Маҷлиси намояндагон Раҷабзода Равшан Муҳиддин, дар ноҳияи Айнӣ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вакилони Маҷлиси намояндагон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич якҷо бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ вохӯриҳо доир намуда, оид ба самтҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карданд ва татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, фарҳанг, иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Вакилон иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату Ҳукумати кишварро то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ мушаххас менамояд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 - уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 - уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуда ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Ин иқдомҳои нек, албатта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат менамояд. Зикр шуд, ки зимни ироаи Паёми хеш Пешвои миллат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд. Аз ҷумла, дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд.

-Ҳар сокини кишварро зарур аст, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати амалӣ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешем,-гуфта шуд зимни мулоқот. Тибқи нақша мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то 10 - уми январи соли равон идома меёбад.

Хабарнигори

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh