АФЗОИШИ СОДИРОТИ СЕМЕНТИ ВАТАНӢ

Бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семент масолеҳи асосии сохтмонӣ ба шумор меравад ва талабот нисбат ба чунин намуди маҳсулот натанҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, балки дар тамоми ҷаҳон зиёд аст. Сохтмони иншооти мухталиф, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистону мағозаҳои пурҳашамат, беморхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва амсоли инро бидуни маҳсулоти сементӣ тасаввур кардан нашояд, зеро маҳз сементи баландсифат кафили пурқувватии иншооти сохташаванда аст.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода шумораи корхонаҳои саноатӣ дар реестри оморӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 адад зиёд гардид. Дар ин давра 1,2 миллион тонна семент истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 100,3 ҳазор тонна зиёд буда, 109,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилоят содироти бонизоми сементи ватанӣ ба давлатҳои Ўзбекистону Қирғизистон ба роҳ монда шудааст.

Тибқи маълумоти Раёсати гумруки вилоят, давоми моҳҳои январ - октябри соли равон дар маҷмуъ 553,4 ҳазор тонна семент ба маблағи 19,9 миллион доллари ИМА содирот шуд. Имрӯз дар қаламрави вилоят 6 корхонаи сементбарорӣ, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурда истодаанд. Дар шаҳри Исфара ду корхонаи сементбарорӣ, аз ҷумла ҶДММ “Заводи семент” ва ҶДММ “Унистром” мавҷуд аст, ки ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидаанд. ҶДММ “Заводи сементбарорӣ” – и ба номи Б.Самадов яке аз коргоҳҳои пешсаф буда, маҳсулоти он дар қаламрави вилоят васеъ истифода мешавад. Коргоҳи мазкур давоми даҳ моҳи соли равон ба маблағи 8 миллиону 749,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки ин нишондиҳанда 116,2 фоизро ташкил медиҳад.

 Айни ҳол дар коргоҳ 250 нафар корманд бо ҷойи кории доимӣ таъмин ҳастанд. Тавре директори ҶДММ “Заводи сементбарорӣ” – и ба номи Б.Самадов Абдуқаҳҳор Раҳимов иттилоъ дод, коргоҳи мазкур соли 2007 таъсис ёфта, то ба имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. - Маҳсулоти сементии исетҳсолшаванда бо номи “Портланд – семент 400” машҳур буда, дар бозори дохилӣ мавқеи худро касб кардааст.

Маҳсулоти мо аз шаҳри Исфара то шаҳри Истаравшан ба фурӯш бароварда мешавад. Ашёи хом аз коргоҳи “Кони коркард” – и шаҳр дастрас мегардад. Таҷҳизоти кунунии коргоҳ аз давлати Чин оварда шудааст, - гуфт А.Раҳимов. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки коргоҳи мазкур маҳсулоти сементиро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мекунад. Иқтидори солонаи истеҳсолот 20 – 22 ҳазор тонна мебошад. Барои баланд бардоштани сифат, беҳтар кардани экология, рақобатпазир шудан дар бозори дохилу хориҷ ва баҳри боз ҳам хуб гардонидани шароит ва маҳсулот қисмати асосии коргоҳ ба маблағи 4 – 5 миллион сомонӣ азнавсозӣ шуда истодааст.

Масъулин нақша доранд, ки то оғози соли 2022 корҳои азнавсозиро анҷом диҳанд. Дар давоми даҳ моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 144 029,3 ҳазор сомонӣ буда, 129,2 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 325 92,1 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Тавре мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳром Қосимов иттилоъ дод, алҳол дар шаҳр 51 корхонаи саноатӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, ҶШСК “Ангишт”, ҶММ “Петролиум Суғд”, ҶШСК “Нони Исфара”, ҶСК “Комбинати масолеҳи бинокорӣ”, ҶСК “Корхонаи кимёвӣ”, “Баракат” - Исфара, ҶДММ “Субҳи Ватан” ва амсоли ин мавҷуд аст. Бештар маҳсулоти истеҳсолшаванда хишти сохтмонӣ, гаҷ, хишти блок, спирт, масолеҳи ҳунармандӣ, нон, консерва, хушкмева мебошанд. Давоми даҳ моҳи соли равон 44 664 тонна маҳсулоти консервагӣ, хушкмева ва семент содирот шудааст. Аз ҷумла 26 ҳазору 31 тоннаи масолеҳи содиротшуда маҳсулоти сементӣ аст. Дар шаҳр бештар содирот ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ба роҳ монда шудааст.

Боиси таъкид аст, ки дар давраи сипаришуда панҷ корхонаи саноатӣ бо пешниҳоди 27 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, ҶДММ “Зарб - СР” коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк, “Плита Фарш” коргоҳи истеҳсоли сафолакҳо, коргоҳи маснуоти пластмассӣ ва фурӯши профилҳои пластмассӣ, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳо бо профили алюминий, коргоҳи истеҳсоли профилҳои пластмассӣ ва алюминий мебошад. Саноатчиёни шаҳр кӯшиш бар он доранд, ки баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта, барои зиёд гардонидани ҷойҳои нави корӣ ҷаҳд хоҳанд кард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh