Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо рафти корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос гардид.

Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” дорои шаш агрегат буда, корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардидааст ва агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Иншооти гидроэнергетикӣ аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намуда, бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онҳоро ба миён овард.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум” амалӣ шуда истодааст ва таҷдиди асосии неругоҳ, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне аз соли 2019 то соли 2023 муайян шудааст, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида хоҳад шуд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ёдоварӣ аз талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне истиқлолияти энергетикӣ барои иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида татбиқ намудани лоиҳа ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh