Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони иншооти гуногун шинос гардид.

Роҳбари вилоят нахуст рафти омодагиҳо бо таҷдиду навсозии хатҳои истеҳсолӣ дар корхонаи "Хуҷандторгмаш" -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ -  саноатикунонии босуръати мамлакат роҳбарияти корхона тасмим дорад хатҳои навро ворид намуда, истеҳсоли таҷҳизоти маиширо ба роҳ монанд. Айни замон корҳои омодагӣ барои воридсозӣ ва насби таҷҳизот идома дошта, бо пурра амалӣ шудани тарҳ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Раиси вилоят иқдоми роҳбарияти корхонаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои дастраскунии таҷҳизоти зарурӣ тавсияҳо дод.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони чанде аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ошно шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дод.

Ба иттилои масъулин дар ошёнаҳои якуми биноҳои баландошёнаи замонавӣ ташкили тарабхонаи брендӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh