Истеҳсоли 87 номгӯи маҳсулоти саноатӣ

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, барои ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар ва бо ҷойи кории доимӣ таъмин намудани сокинон нақши муҳим мебозад. Баробари ин маҳз рушди соҳаи саноат имкон дорад маҳсулоти рақобатпазирро истеҳсол карда, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устуворро ба даст оварад.

Боиси таъкид аст, ки саноатчиёни вилоят баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои амиқро роҳандозӣ карда, ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил гардидаанд. Ин аст, ки дар шаҳрҳои саноатии вилоят коргоҳҳои хурду бузург таъсис ёфта, ҳамарўза ба бозори дохилӣ маҳсулоти босифатро дастрас мекунанд.

Дар ин радиф яке аз шаҳрҳои саноатии вилоят - Гулистон дар ин давра ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд. Корхонаҳои саноатии шаҳр давоми нўҳ моҳи соли 2021 - ум ба маблағи зиёда аз 3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ бо нархҳои муқоисавӣ 144,2 фоиз, яъне ба маблағи 1 миллиарду 45 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Аз ин нишондод 97 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3 фоизи он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.

Бино ба гуфти муовини якуми раиси шаҳр Нуринисо Комилзода ҳиссаи корхонаҳои коркарди соҳаи кӯҳкорӣ - ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» ва ҶМ «Апрелевка» дар умум 82,1 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳрро таъмин намудаанд. - Давоми моҳҳои сипаришуда корхонаҳои саноатии шаҳр 87 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла, консентрати сурб, рӯҳ, хокаи мис, регу сангмайда, хӯроки хушки чорво, комбикорм, гӯштимурғ,нонубулка,мусалласи ангурӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, қолин, қолинҳои тафтенгӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, коркарди пӯст, коғаз, бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут, ширеш, калсит, масолеҳи сохтмонӣ, қубурҳои металлӣ, зарфҳои шишагӣ, қубурҳои пластикӣ, маҳсулоти кабелӣ, заргарӣ, риштаи полипропиленӣ, маснуоти оҳану бетони васлшаванда ва дигармаҳсулотисаноатииниёзимардумро истеҳсол намудаанд, - гуфт номбурда. Яке аз коргоҳҳое, ки ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст, ин ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» мебошад.

Доир ба фаъолияти кунунии коргоҳ сармутахассиси бахши энергетика ва саноат Муҳаммад Турсунов иттилоъ дод, ки дар фабрикаи бойгардониикорхонаи мазкур дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 1 миллиону 852,3 ҳазор тонна маъдан коркард шуда, ба маблағи 2 миллиарду 641,5 миллион сомонӣ маҳсулоти консентрати сурб, рӯҳ ва мисистеҳсол шудааст, киин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153 фоиз ба иҷро расида, 914,9 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

- Дар давоми нўҳ моҳи соли равон бо таври натуралӣ консентрати сурб - 58,7 ҳазор тонна, истеҳсоли консентрати рӯҳ - 105,8 ҳазор тонна ва консентрати хокаи мис 6,2 ҳазор тонна истеҳсол шудааст. Соли равон 77,5 фоиз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳрро таъмин намудааст. Шумораи миёнаи кормандони ба фаъолияти истеҳсолӣ машғулбудаи корхона 2910 нафарро ташкил дод, - гуфт номбурда. Иттилоъ дода шуд, ки музди миёнаи кормандони коргоҳи мазкур 3181 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179 сомонӣ зиёд шудааст. Дар шаҳр фаъолияти коргоҳҳои парандапарварӣ рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ афзудааст. Доир ба фаъолияти коргоҳҳои парандапарварӣ Муҳаммад Турсунов иттилоъ дод, ки дар ин давра ҶДММ “Мурғи аълосифат” ба маблағи 18 миллиону 135 ҳазор сомонӣ 946,2 тонна гӯшти мурғи парҳезии воридотивазкунанда истеҳсол намуд. - Аз рӯи таҳлилҳо бармеояд, ки фаъолияти истеҳсолии корхонаи ҶДММ «Мурғи аълосифат» назаррас мебошад. Дар ҳудуди корхона барои кам намудани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолӣ сехи истеҳсоли хӯроки чӯҷаҳо ташкил шуда, 5 намуд комбикорм ҳамчун хӯроки паранда бо иқтидори 30 тонна дар як шабонарӯз истеҳсол мешавад.

 

Музди маоши миёнаи кормандони коргоҳ ба 1496 сомонӣ баробар аст, - гуфт мавсуф. Оид ба фаъолияти кормандони коргоҳҳои саноатии шаҳр Нуринисо Комилзода иттилоъ дод, ки шумораи кормандон 4648 нафарро ташкил медиҳад. Музди маоши миёнаи онҳо ба 2873 сомонӣ баробар гардида, аз ҳамин давраисолигузашта 149 сомонӣ зиёд мебошад. - Корхонаҳои саноатии шаҳр бо 16 кишвари хориҷ ҳамкории хуб доранд. Дар ин давра маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 155 миллиону 43,4 ҳазор долларро ташкил дода, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 26 миллиону 199,3 ҳазор доллар баробар шуда, фарқияти содирот аз воридот 5,9 маротиба зиёд шудааст, - гуфт Н.Комилзода.

Маҳсулоти содиротии корхонаҳои шаҳр асосан металлҳои қимматбаҳо, консентрат, қолин ва ғайра буда, маҳсулоти воридотӣ ресмон, автомашина, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоту дастгоҳҳо, равғани молиданӣ, гандум, ноқилҳо, сими мис, нафти хом, ашёи хом барои қолинбофӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошанд. Саноатчиёни шаҳр барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони ватанӣ баҳри амалӣ намудани барномаи саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ корҳои мушаххас ба иҷро расиданд.

- Дар ин давра ҶДММ “Коғази Суғд” ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуда, ба маблағи 295,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Ҳамчунин, ду сехи истеҳсолӣ - ҶДММ “Мурғи дастрас” бо иқтидори 20 тонна гӯшти мурғи парҳезӣ дар як моҳ бо 5 ҷойи корӣ ва коргоҳи ҶДММ “Гулистони Аҷам”, ки дар самти истеҳсоли хӯроки чорво фаъолият мебарад, бо иқтидори 24 тонна дар 1 шабонарӯз бо 5 ҷойи корӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра 19 ҷойи кории нав ташкил гардид, - афзуд номбурда. Саноатчиёни шаҳр оид ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар кӯшиш ба харҷ дода, шумораи корхонаҳои саноатиро сол аз сол зиёд ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ин давра баланд бардошта, 23,6 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоятро таъмин кардаанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh