САНОАТ – НИШОНДИҲАНДАҲОИ НАЗАРРАС

Соҳаи саноати шаҳри Конибодом имрӯзҳо бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд ниҳода, саноатчиён ба нишондиҳандаҳои хуб ноил гардидаанд. Ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллӣ таваҷҷуҳи махсус дода, дар ин самт сатҳу сифати хизматрасонии сокинон беҳтар гардида, шароити хубу арзанда барои кору зиндагӣ ва фаъолияти онҳо муҳайё шудааст.

Симои шаҳр, манзараҳои деҳоти атрофи он дар даврони соҳибистиқлолӣ ба куллӣ тағйир ёфта, имкониятҳои фаровони ин айём, фазои озоди соҳибкорӣ боиси бунёди садҳо иншооти таъйиноти гуногун, амалисозии барномаҳои давлатӣ дар тамоми риштаҳои хоҷагии халқ гардидаанд. Дар баробари ҷой доштани мушкилот дар баъзе самтҳои фаъолият вазъи иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр рӯз ба рӯз беҳтар мешавад.

Дар суҳбат муовини раиси шаҳр Асрорхон Ғуфронзода зикр намуд, ки дар нӯҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ ба 185 миллиону 780,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,7 фоизро ташкил дода, 10 миллиону 315 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 46 корхонаи калону миёна ва хурди ҳисоботдиҳанда 24 тоашон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд, 14 адади дигар ҳаҷми истеҳсолро кам намудаанд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳашт адад корхонаи саноатӣ фаъолият накарданд, ки азонҳо ду адад корхонаи мавсимӣ мебошад.

Дар ин давра дар шаҳр нӯҳ корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 50 ҷои корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар самти ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда ва вусъат додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пайваста корҳо идома доранд.

- Коргоҳи коркарди нафти ҶДММ «Шоҳон» соли 2020 аз фаъолият бозмонда буд ва аз моҳи январи соли равон таъмири хати технологии коргоҳ оғоз гардида, моҳи апрел ба фаъолият шурӯъ кард, - мегӯяд муовини раиси шаҳр Асрорхон Ғуфронзода.

Ҳамасола пеш аз оғози коркарди пахта бо роҳбарони коргоҳҳои коркард ва сехҳои истеҳсоли равғани растанӣ дар назди раиси шаҳр машварати корӣ доир мегардад. Дар машварати имсола ба роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ тавсия дода шуд, ки бо мақсади пурра коркард шудани ҳосили пахта дар коргоҳҳои пахтатозакунии ҳудуди шаҳр нархи хариди пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ аз нархи миёнаи вилоят набояд кам шавад. Чунин амал ба мо имконият медиҳад, ки суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардида, барои ғанӣ гардидани буҷет шароитҳои мусоид пайдо шавад.

Раванди истеҳсолот дар натиҷаи сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва ташкили дурусти кор дар корхонаҳои саноатии шаҳр сол аз сол беҳтар шуда истодааст, ки дар ин раванд корхонаи таъмири қатораҳои Маҳрам, ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳабиб - 17», «Конибодом Коттон», «Ориён Коттон», «Созандаи Диёр», «Созмон», «Шоҳон», «Канд К» ва «Меваи Канд» намунаи ибрат мебошанд.

Аз тарафимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои саноатӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

Мувофиқи маълумоти геологӣ дар ҳудуди шаҳр миллионҳо тонна канданиҳои фоиданоки маҳсулоти сохтмонӣ ба монанди оҳаксанг (барои истеҳсоли семент, гаҷ, оҳак), қуми кварсӣ (барои истеҳсоли маводи шишагӣ) ва мармару хоро барои сангҳои ороишӣ, инчунин канданиҳои фоиданоки фулузотӣ барои истеҳсоли оҳан мавҷуданд.

Дар ҳолати ҷалб намудани маблағгузорӣ ба соҳаи коркарди канданиҳои фоиданоки дар боло зикргардида имконияти бамаротиб зиёд намудани рушди саноат ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ пайдо шуда, интиқоли маҳсулоти содиротӣ ба дигар кишварҳо зиёд мегардад.

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ моро зарур аст, ки дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои муассир андешем.

Корхонаҳои саноатии шаҳр 62 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд, ба монанди қисмҳои эҳтиётӣ барои дастгоҳҳо, нахи пахта, чигити техникӣ, равғани растанӣ, консерваҳо, обҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, таъмири қатораҳои боркаш ва мусофиркаш, сӯзишвории дизелӣ, мазут, дару ромҳои пластикӣ, истихроҷи регу шағал, семент, коркард ва банду басти меваи хушк, хишти сохтмонӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, хӯроки чорво, пахтаи тиббӣ, панҷараҳои ороишӣ, истеҳсоли асфалт, рангҳои сохтмонӣ, плиткаҳои роҳрав, бардюр ва латокҳо.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом имрӯзҳо бо такя ба дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама баҳри амалӣ намудани ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри густариши раванди корҳои созандагиву бунёдкорона ба барқарор намудани иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳамаҷониба ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳр афзалияти бештар дода, дар ин самти фаъолият кӯшиши ба пешравиҳои назаррас ноил шудан дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh