БАРОМАДАН АЗ ТАЪСИРИ ПАНДЕМИЯ ДАР КОРГОҲҲОИ САНОАТӢ

Дар замоне, ки тамоми ҷаҳонро пандемия фаро гирифт сарҳадҳо баста ва мардум ба таҳлука омада, фаъолияти соҳаҳои мухталиф бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ гардида буданд. Содироту воридоти маҳсулот, равуои сокинон ва дигар муаммоҳое пеш омаданд, ки барои ҳалли он чораҳои заруриро мебоист пеш гирифт. Давраи пандемия ба фаъолияти соҳибкорон, деҳқонону кишоварзон низ бетаъсир намонд.  

Дар ин раванд коргоҳҳои саноатии истеҳсолии вилоят то ҳадди имкон мекӯшиданд, роҳҳои баромадан аз таъсири пандемияро ёфта бошанд. Яке аз чунин коргоҳҳое, ки дар ин давра бо мушкилот рӯ ба рӯ омад, ин ҶДММ «Авангард - 2013» мебошад. Коргоҳи мазкур ҳанӯз соли 2013 дар шаҳри Истаравшан таъсис ёфта, бо истеҳсоли равғани муҳаррикии нақлиётӣ машғул аст.

- Баъди аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон гаштани саноатикунонии мамлакат ҶДММ «Авангард - 2013» фаъолияти худро пурра ба истеҳсолот равона намуд. Самти асосии фаъолияти коргоҳ истеҳсоли равғани муҳаррики нақлиёт ва қуттиҳои пластмасӣ барои банду басти  истеҳсолот равона шудааст, - гуфт сармуҳосиби коргоҳ Ҳайдар Раҳмонбердиев.

Тавре ӯ иттилоъ дод, новобаста аз рақобатнок будани фаъолияти коргоҳи мазкур он дар бозори дохила тавонист, мавқеи худро пайдо карда, муваффақ гардад. Сол то сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда беш гардида, барои ҷалб ва зиёд кардани шумораи харидорон навъҳои гуногуни маҳсулот истеҳсол шуд. Ҳоло коргоҳ

наздик 12 намуди равғанро истеҳсол ва онро ба қуттиҳои ҳаҷмашон гуногун аз 600 грамм то 20 литр рехта, ба харидорон пешкаш менамоянд.

Барои бевосита дастрас гаштани маҳсулоти коргоҳ  аз истеҳсолкунанда ба харидор нуқтаҳои фурӯши худро ба ғайр аз вилоят дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташкил  кардааст.     

- Вақте тамоми ҷаҳонро бемории ҳамагири COVID - 19 фаро гирифт, ба иқтисодиёти тамоми ҷаҳон, ҳамчунин ба коргоҳи мо низ таъсири манфии худро расонид. Барои нигоҳдории саломатии кормандон чанд муддат коргоҳ аз фаъолият бозмонд. Баъдтар бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ барои пешгирии бемории сироятии COVID - 19 тамоми чораҳо андешида шуданд ва фаъолияти худро идома кардем, зеро боз мондан аз истеҳсолот зарари зиёдеро ба бор меоварад, - гуфт Ҳайдар Раҳмонбердиев. 

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки пандемия ба истеҳсолот ва иқтисодиёти коргоҳ барои дастраскунии ашёи хом таъсири худро расонид. Хушбахтона, дар поёни соли 2020 - ум истеҳсолот дубора ба фаъолият оғоз карда, мисли пешин истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шуд.  Ҳаҷми истеҳсолот соли 2019 – 2020 беш аз ҳафт миллион сомониро ташкил кард.

Баробари баромадан аз давраи пандемия коргоҳ бо мушкилоти дигар рӯ ба рӯ омад, зеро норасоии ашёи хом ва дастраскунии он бо сабабҳои мухталиф муваққатан боздошта шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ашёи хом аз Биржаи моли пулии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас мешавад.

- Вақте ашёи хом дастрас нагардид, фаъолияти мо муваққатан боздошта шуд. Аз фаъолият мондани коргоҳ хавфи бе ҷойи кор мондани кормандон ва аз даст додани харидоронро дошт. Аз қазияи мо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр огоҳ гардида, барои ҳалли мушкилот кӯмак расониданд. Баробари ин роҳбарияти ҷамъият тамоми кӯшиши худро ба он равона карданд, ки коргоҳ боз бе мушкилот фаъолияташро оғоз кунад. Ҳоло ҳаҷми маҳсулот ба давраи то пандемия расонида шуд, - гуфт номбурда.

Боиси таъкид аст, ки давраи гузариш аз таъсири пандемия дер давом накард, зеро саноатчиён таво-нистанд, тамоми нерӯ ва қувваи худро баҳри барқарор ва идома додани фаъолияти пурмаҳсули худ идома диҳанд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Шӯҳрат

Отамуродов, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 403 миллиону 544 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 16 миллиону 479 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ё худ иҷроиш 104,3 фоиз таъмин шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дар шаҳри Истаравшан 50 корхонаи саноатии хурду бузург фаъолият мебаранд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатии гуногуни рақобатпазирро ба роҳ мондаанд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 1330 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин  ҳастанд. 

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд – Истаравшан – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh