Деваштич - дар арсаи пешрафт

Самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаву бунёдгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба марҳалаи рушду пешрафт ноил шуданд ва сатҳу сифати зиндагии сокинон батадриҷ боло мераванд.

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят сокинони ноҳияи Деваштич низ дар ин давра ба пешравиҳои назаррас ноил шуда, бо бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти дорои таъиноти гуногун симои он ба куллӣ дигаргун гардида, имрӯз ба яке аз ноҳияҳои зебои ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.

Бино ба иттилои раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, толору майдончаҳои муосири варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаҳои ҳусн, боғи фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳо ва марказҳои хизматрасонӣ то имрӯз бо кӯшишу заҳмати сокинону масъулини ноҳия сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон, маркази ноҳия чароғон шуда, шиору овезаҳои таблиғотӣ насб гардида, инчунин, барои сайругашти сокинон мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ободу зебо шуданд, ки шабонгоҳ хеле назаррабо ба чашм мерасанд.

Дар идомаи корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия то ин дам беш аз ҳаждаҳ сартарошхона ва толори ҳусн, сенздаҳ адад майдонча ва толори варзишӣ, як боғи истироҳатию фароғатӣ, се китобхона, панҷ дорухона, ҳафт ҳаммом, понздаҳ корхонаи истеҳсолии хурд, чилу ҳафт маркази хизматрасонӣ ва майдончаи варзишии бозии кӯдакон сохта, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифтаанд. Гуфтан бамаврид аст, ки имрӯзҳо корҳои созандагӣ дар ҳамаи Ҷамоату деҳоти ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, сокинон бо рӯҳияи баланд баҳри ободу зебо намудани диёри худ кӯшиш доранд.

Имрӯзҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дар 57 иншооти ба нақша гирифа шуда корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ва баҳри сокинон хизмат намуда истодаанд. Сохтмони бинои нави маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, боғи истироҳатӣ - фароғатӣ, дорухона ва дигар иншооти зарурӣ дар ҷамоати номбурда аз тарафи соҳибкорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба истифода додани бинои Кумитаи идораи замин, Раёсати адлия, майдони Парчам, кӯдакистони замонавӣ, хиёбони марказӣ ва таъмири куллии роҳи асосии ноҳия рӯҳияи сокинони ноҳияро боло намуд.

Барно АБДУFАФФОРОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh