Омодагӣ ба мавсими зимистон дар кадом сатҳ?

Ҳамасола бо фаро расидани фасли тирамоҳу зимистон тамоми муассиса ва сохторҳои вилоят барои дар сатҳи зарурӣ паси сар кардани фасли сармо омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 - юми апрели соли 2021 ва қарори Раиси вилоят аз 26 - уми апрели соли 2021 - ум оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021 - 2022 ситоди вилоятӣ таъсис ва нақша - чорабинӣ тасдиқ гардид.

Назар ба маълумоти масъулин, нақшаи захираи маводи асосии гармидиҳӣ барои солҳои 2021 - 2022 аз ҷониби сохторҳои дахлдори вилоят омода гардидааст, ки мутобиқи он захираи ангиштсанг - 23379,6 тонна, ҳезум - 9536,2 метри мукааб ва сўзишвории дизелӣ - 727 ҳазор литрро дарбар мегирад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соҳаи энергетика баҳри таъминоти муштариён бо барқ ва бе муаммо паси сар кардани фасли сармо аҳамияти калон дорад ва дар ин самт бояд тамоми табдирҳо андешида шаванд. Аз ин ҷост, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани системаи барқии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 - 2022 аз тарафи шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои муайян ба иҷро расидаанд. Аз ҷумла, дар ФҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ дар шаҳри Гулистон” 28 банд, ФҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Гулистон" 42 банд, ФҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Истаравшан" 15 банд, ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Хуҷанд” 13 банди нақша иҷро гардидааст. Имрўз вазъ дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Истаравшан, дар кадом ҳолат қарор дорадҳ Барои ба ин суол посух гирифтан ба масъулини шабакаҳои барқӣ муроҷиат кардем.

- Дар шабакаҳои барқии ноҳияи Мастчоҳ дар мавсими омодагӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2021 – 2022 то ба имрўз оид ба иваз намудани ригелҳои сўхта дар хати интиқоли барқии – 10 кВ ЛДЛ – 18 ва ЛДЛ – 19 дузан-ҷира аз сабаби пайваст будани пойгоҳҳои обкашӣ, корҳо ба иҷро нарасида буданд. Айни ҳол дар ин самт омодагӣ рафта истодааст, - гуфт сардори шабакаҳои барқии ноҳия Собир Валиев. Оид ба гузаронидани таъмири ҷорӣ ва рангубори таҷҳизоти барқӣ дар зеристгоҳи барқии Янтоқ – 3 иттилоъ дода шуд, ки оид ба тоза намудани ҳудуди зеристгоҳи барқӣ аз алафҳои хушк, молидани равған дар қисмҳои ҳаракатдиҳандаи васлаки равғанӣ ва ҷудокунакҳои 35 кВ ва рангубор намудани қисмҳои оҳанини зеристгоҳи мазкур корҳо иҷро гардиданд. Дар ин радиф иваз кардани трансформатори қуввадиҳандаи пурбори 400 кВт ба трансформатори 630 кВт ЗТ 2076 аз сабаби набудани трансформатори захиравии 630 кВт иҷро нашуда буд ва як қисми бори ЗТ – 2076 ба ЗТ – 2078 гузаронида шуд, ки дар натиҷа сербории ЗТ - 2076 бартараф гардид.

- Иваз намудани трансформатори корношоями иқтидораш 4000 кВт ба трансформатори иқтидораш 6300 кВт дар зеристгоҳи барқии Мастчоҳ 35/10 кВ ба пуррагӣ иҷро гардид. Ҳамзамон камбор намудани бори ЗТ – 3113 ва насб кардани трансформатор дар маҳаллаи Ганҷобод ва кашидани хати интиқоли барқии 10 кВ ба дарозии 0,7 километр ба иҷро расид, - гуфт номбурда. Хати интиқоли барқҳои 10 – 6 – 0,4 кВ ба дарозии зиёда аз 34 км аз шохаҳои дарахтон тоза карда шуданд. 28 адад ҷудокунаки 0,4 кВ, ки сўхта корношоям гардида буд, ба ҷудокунакҳои нав иваз шуданд. Дар трансформаторҳои 10 – 04 кВт зиёда аз 800 кг равған илова карда шуд. Барои кам кардани талафоти нерўи барқ 310 адад ҳисобкунаки муштариён аз дохили хонаҳо ба ҷойҳои намоён кўчонида шуданд. Масъулин умед доранд, ки тирамоҳу зимистони имсола бидуни муаммо паси сар хоҳад шуд. Доир ба масъалаи таъмир, насбу васл ва иваз кардани появу истгоҳҳои барқӣ дар шаҳри Истаравшан низ корҳо ҷараён доранд.

Роҳбари шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан Шоҳраҷаб Қаҳҳоров оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2021 – 2022 гуфт, ки он аз 8 банд иборат мебошад, аз ҷумла иваз намудани пояҳои корношоям, камбор намудани истгоҳҳои барқӣ, ба меъёр овардани сатҳи равғани трансформаторӣ, бартараф намудани ростпайвандҳо дар хатҳо ва ҷудокунакҳои барқӣ, сохтани хати барқӣ барои камбор кардани хатҳои барқии амалкунандаи 10 киловолта, гузоштани ҷудокунаки хатҳои барқӣ ва бомпўш намудани истгоҳҳои барқӣ мебошад.

– Аз нақша ҳафт банд ба пуррагӣ иҷро шуда, банди камбор намудани истгоҳҳои барқӣ, то охири тирамоҳ сад фоиз иҷро мешавад. Тамоми захира ва маводи зарурӣ дастрас шудааст. Барои дар сатҳи баланд паси сар кардани зимистони дарпешистода барои захира 300 метр ноқили баландшиддат, 1800 метр ноқили сит, барои баромади хатҳои барқӣ 350 метр кабели 04 киловолта, 2 тоннаю 100 литр равғани трансформатор, барои бартараф намудани садама ва иваз кардани ноқилҳои корношоями хатҳои барқии 10 ва 04 киловолта 3,5 километр ноқил дастрас шудааст, - гуфт Шоҳраҷаб Қаҳҳоров.

Иттилоъ дода шуд, ки дар тавозуни шабакаҳои барқии шаҳр 480 зеристгоҳи барқӣ мавҷуд аст ва дар умум бошад, дар шаҳр 1650 истгоҳи барқӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои бе муаммо паси сар кардани фасли сармо ва ба садама дучор нагардидани ноқил ва хати барқӣ 28 километр хати барқии баландшиддат таъмир, 38 километр хати барқии 04 азнавсозӣ шуда, иваз намудани 238 адад пояи барқӣ дар моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст.

Айни ҳол 132 истгоҳи барқӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, 93 истгоҳи барқӣ барои камбор кардани хатҳои барқӣ омода шуда, 4 истгоҳи барқии нав шинонида мешавад. Алҳол муштариёни шабакаҳои барқӣ аз ҳисобкунакҳои электронӣ истифода мебаранд ва то имрўз 35 фоизи аҳолӣ ба ин намуди хизматрасонӣ гузаронида шудаанд, - гуфт номбурда. Масъулин мекўшанд, ки сокинон фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022 –ро бе муаммопасисар ыкунанд ва дар ин замина корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодаанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh