ИНТИҚОЛИ ХАТИ НАВ ДАР ҶСП «ОБИ ЗУЛОЛ»

Ба шарофати ҷашнҳои таърихӣ, алалхусус 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксар мавзеъҳо ободу даҳҳо ширкату корхонаҳо ба фаъолият шурӯъ карданд ва сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Ба истифода додани коргоҳҳои саноатӣ боиси зиёдшавии ҷойи нави корӣ мегардад. Дар ин раванд саноатчиёни вилоят ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардидаанд.

Шаҳри Истаравшан яке аз шаҳрҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, мардумаш барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шӯҳрат Отабоев гуфт, ки алҳол дар шаҳр 50 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду калон фаъолият мебаранд, аз ҷумла ҶДММ «Адл» истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона, ҶДММ «Автошина» истеҳсоли маҳсулоти пластмасин, ки наздик 30 намуд ашёи рӯзгорро истеҳсол мекунад, корхонаи истеҳсолии «Авангард – 2013», ки равғанҳои молиданӣ барои воситаҳои нақлиёт дар ҳаҷми 750 грамм, 1 5 литр бо сифати баланд истеҳсол ва дар сатҳи баланд банду баст месозад, корхонаи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Покиза – 2013», ҶДММ «Кафшгар» истеҳсоли пойафзол, ҶДММ «Нурпак» истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, ҶДММ «Наврӯзи ҷаҳон» истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва амсоли ин фаъолият доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷоя бо хизматрасонии барқ ва об дар моҳҳои январ – августи соли равон ба 104,25 фоиз ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воқеии минтақавӣ ба 104,3 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Алҳол дар корхонаҳои саноатии шаҳр 1330 нафар сокин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъминанд, гуфт Шӯҳрат Отабоев. Тавре иттилоъ дода шуд, дар яке аз коргоҳҳои бузурги шаҳр Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби зулол» хати нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Директори истеҳсолот Ғанӣ Қурбонов қайд кард, ки сулҳу ободӣ, бунёдкорию созандагӣ аз Истиқлоли миллӣ сарманшамегирад. Дар хати нав ивазкунандаи шакар аз шарбати меваи ангур истеҳсол мешавад. Ширкат дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ ҳанӯз 12 – уми сентябри соли 2000 – ум сохта, ба истифода дода шуда буд. То ин дам дар корхонаи саноатӣ чор хати технологӣ мавҷуд буд ва боз ду хати нави истеҳсолӣ ба кор даромад. Дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби зулол» истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, мураббо ва афшураҳои мевагӣ, истеҳсоли ғизои кӯдакон дар борҷомаҳои мулоим ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар коргоҳ истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва афшураҳо бо тарзи резиши гарм ва хунук дар зарфҳои шишагин, дар ҳаҷми 0,33 ва 0,5 литра ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми истеҳсол дар як соат 5 ҳазор адад мебошад.

Истеҳсоли ғизои кӯдакона бошад, аз хамираҳои мевагӣ дар борҷомаҳои мулоими ҳаҷмашон 90, 110, 120, 200, 220 грамма, дар як соат 5 280 адад аст. Ҳоло ширкат 100 номгӯи маҳсулот истеҳсол мекунад, гуфт Ғанӣ Қурбонов. Доир ба интиқоли хати нав масъулин гуфтанд, ки дар ҳолати натиҷаи хуб ба даст овардан дар як қисми маҳсулоти истеҳсолшаванда шакар истифода бурда намешавад, ки ин боиси баланд гардидани сифати маҳсулоти ширкат хоҳад шуд. Барои пурра аз худ кардани нозукиҳои таҷҳизоти воридшуда аз давлати Итолиё мутахассисон даъват шуда, ба 10 нафар мутахассиси худӣ кори онро омӯзониданд. Дар вақти ташриф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо вазифагузор гардидем, ки коркарди ангурро ба роҳ монем. Дар муддати кӯтоҳ тавонистем, онро амалӣ гардонем. Таҷҳизоти нави хати технологӣ соли ҷорӣ васлу насб шуд.

Барои таҷриба як миқдор ангурро гирифта коркард кардем. Афзалияти хати нави технологӣ дар он аст, ки шарбати ангур ректификат мешавад, яъне афшураи ангурро ба таҷҳизот ворид мекунем, он бӯй, таъм ва рангашро гирифта шираашро ҷудо мекунад. Аллакай маҳсулот омода кардем. Баробари ба роҳ мондани хати технологии нав 10 нафар мутахассис ва 10 коргари қаторӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, гуфт номбурда. Қайд карда шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда пурра аз меваҳои ватанӣ буда, асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон ва дигар давлатҳо содирот мешаванд. Содирот бештар дар самти нӯшокиҳои ташнашикан, обҳои нӯшокӣ, шаҳду шарбатҳои мевагӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати умумии ҶСП «Оби зулол» 10 гектар, аз он 3 гектар масоҳати истеҳсолист. Хати якум ба маблағи 18 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ва хатти дуюм ба маблағи 6 миллиону 960 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Хатҳои технологӣ ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз давлати Итолиё ворид шуда, мутахассисон низ дар ин давлат таҷрибаомӯзӣ кардаанд. Масъулин кӯшиш доранд, ки ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишварро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минбаъд низ баҳри амалишавии нақша ва вазифаҳои дарпешистода тамоми неру ва қувваи худро сафарбар созанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд – Истаравшан Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh