ХАТҲОИ МУҲОФИЗАВӢ - СОЛИМИИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ

Дар марҳалаҳои аввали азхудкунии заминҳои Мирзочӯли тоҷик, яъне ноҳияи Зафаробод азбаски заминҳои ноҳия дашти нопайдоканор ва макони ҳашароту хазандаҳо ва шамолҳои сахту боду борон буд, давоми солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта дар канори хоҷагиҳои азими навтаъсис ва умуман дар ҷамоатҳои ноҳия хатҳои муҳофизавии ҷангал аз дарахтони сафедору қайрағоч бунёд карда шуда буданд. Феълан дар ноҳия, тавре мушоҳида мешавад, вазъи хатҳои муҳофизатии ҷангал коста гардидааст.

Ба суоли мо дар бобати он ки оё вазъи ногувори имрӯзаи нигаҳдории хатҳои муҳофизатӣ ба вайроншавии вазъи умумии экологӣ оварда намерасонад, Тоҷиддин Насриддинов, муовини раиси Идораи хоҷагии ҷангали вилоят рӯшанӣ андохта, чунин изҳор дошт: Сабаби асосии коста гардидани хатҳои муҳофизавии ҷангал дар он аст, ки бо гузашти айём колхозу совхозҳои азамат ба хоҷагиҳои бисёри деҳқонӣ тақсим шуда, ин хатҳои муҳофизатӣ дар ҳудуди бисёр хоҷагиҳои хурд монданд. Ва бо мурури замон баъзе хоҷагиҳо барои афзун намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзиашон дарахтони хатти муҳофизатиро буриданд. Вале вазъ дар маҷмуъ таҳти назорати Идораи хоҷагии ҷангали вилоят буда, алҳол ба ҷои дарахтони буридашуда шинондани ниҳолҳои дарахтони сояафкан ва ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Соли равон дар ноҳия дар раванди барқароркунии хатти муҳофизавии ҷангал дар беш аз 15 гектар ниҳоли дарахтони муҳофизавӣ шинонда шуд. Умуман, дар ҳудуди вилоят бошад, давоми соли равон дар 110 гектар хати муҳофизавӣ бунёд гардид. Бобати ҳолати нигоҳдории хати муҳофизавии ноҳия сардори Идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Зафаробод Усмон Усмонов чунин иброз дошт:. Хоҷагии ҷангали ноҳия ҳарчанд тобеи Идораи хоҷагии ҷангали вилоят аст, рисолаташ на нигоҳубуни ҷангал ва шикор, балки ниҳолпарварӣ аст. Ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва вилоят ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ пешниҳод мекунад.

Дар бобати хати муҳофизатии ҷангали ноҳия зикр карданиам, ки чандин гектар дарахтзорон чун хати муҳофизатӣ ҳарчанд дар харитаи хоҷагии ҷангали вилоят зикр шудаанд, вале дар амал бошад, вуҷуд надоранд. Вале гуфтан ҷоиз аст, ки бисёр хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз мо ниҳолони мувофиқ ба хати муҳофизавӣ, аз ҷумла қайрағочу арчаву сафедор, мехаранд. Дар умум 120 гектар замини кишоварзӣ дорем. Аз ин ҳисоб дар 10 гектар ниҳолҳоро аз тухмӣ парвариш намуда, сипас кӯчату ниҳолҳои ҷангалӣарчаи шарқӣ, ардач, санавбар, қайрағоч ва дигар ниҳолҳоро ба хоҷагиҳои ҷангалу хоҷагиҳои деҳқонӣ барои бунёди хати муҳофизатии ҷангал пешниҳод менамоем. Бояд гӯям, ки барои бунёди хати муҳофизатии ҷангал бештар дарахти қайрағоч мувофиқ аст. Алҳол зиёда аз 400 ҳазор бех ниҳоли барои фурӯш тайёр дорем.

Ҳамчунин, дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ноҳия ниҳоли дарахти хуч аз тухмӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳоло 200 ҳазор бех кӯчати хуч дорем. Ба ҷуз ин дар хоҷагии ҷангал ниҳоли дарахтони зардолу, олуболу, бодом парвариш мегардад. 27 гектар боғи махсус дорем, ки дар он ниҳолҳои дарахтони меваву сояафкан аз донак кишт мешавад, баъд аз ниҳоли он пайванд, мегирем, сонӣ бо ниҳолҳои дигар пайванд мекунем. Дар маҷмуъ, ҳамаи кӯшишу талошҳои кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия баҳри он равона гардидааст, ки вазъи экологии ноҳия ва вилоятамон солим бошад, сокинон бо анвои меваҳои тару тозаи кишварамон дар тамоми фасли сол таъмин бошанд, дар ҳудуди шаҳру навоҳӣ миқдори дарахтони сарсабз афзун бошад ва мардум аз ҳавои софу тоза баҳраманд гарданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Зафаробод ҳамчунин дар 70 гектар пахта парвариш меёбад.

Алҳол мавсими долу зарби ҷамъоварии ин ашёи хоми пурбаҳо буда, ҷомеаи меҳнатӣ баҳри он талош доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ба баракати хирмани вилоят саҳм гузоранд. Чунонки аз андешаҳои мутахассисони соҳаи ҷангал бармеояд, дар маҷмуъ, вазъи нигоҳдории хатҳои мавҷудбудаи муҳофизатӣ ва бунёди хатҳои нав ба ҷои дарахтони буридашуда таҳти назорати мутахассисон қарор дошта, онҳо кӯшиш баҳри он доранд, то ҳолати экологии ягон мавзеъ ва ё минтақаи вилоят коҳиш наёбад ва то ҳадди имкон хаттҳои муҳофизавӣ барқарор карда шаванд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh