ОБОДКОРӢ ДАР ШАҲРАКИ АНГИШТКАНОН

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми манотиқи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, шаҳрҳо бо намои шинохтанашаванда дигар шуда, то имрӯз ба дастовардҳои беназир соҳиб гардиданд.

Шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки бо номи шаҳраки ангиштаканон шӯҳратёр аст, солҳои охир хеле ободу зебо гаштааст. Дар ин шаҳрак тӯли 30 сол навгониҳои куллӣ ба амал омада, баҳри рӯзгори босаодати аҳли заҳмат заминаи басо назаррас гузоштанд. Дар шаҳрак то ин дам чандин иншооти замонавӣ қомат афрохтаанд, ки барои некӯаҳволии мардуми ин сарзамин мусоидат менамоянд.

Баробари ворид шудан ба ин шаҳрак аллакай эҳсос менамоед, ки Шӯроб эҳё гашта, мардум баҳри ободии он кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар он ҷое, ки об ҳаст, ҳамон макон ба гулистон табдил хоҳад ёфт. Дар шаҳраки Шӯроб дар қатори дигар иншооти ҳаётан муҳим хати оби нӯшокиро барои таъминоти 15 ҳазор аҳолӣ бунёд намуданд, ки имрӯз мардум бо ҳиссӣ шодмонӣ ва ифтихори ватандорӣ аз он ёд менамоянд. Воқеан, хатти оби нӯшокӣ дар ин минтақа бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дарозии он 11 километру 200 метрро ташкил медиҳад.

Бояд изҳор намуд, ки тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб аст, бо қубури қутраш 273 миллиметра оби нӯшокӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии ҳудуди шаҳраки Шӯроб дас‐трас мегардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки иншооти мазкур дар асоси дастуру супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бунёд карда шуд. Дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шӯроб иншооти гуногун бунёд гардиданд. Тармим ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии ҳудуди биноҳои истиқоматӣ, сабзкорӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд изҳор намуд, ки моҳи апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Шӯроб сафар намуда, ба кору фаъолият, рӯзгори сокинони ин минтақа аз наздик ошно гардиданд. Маҳз дар ин сафар Пешвои миллат чандин иншооти наву замонавиро ба истифода доданд. Дар шаҳрак, ҳамчунин, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Ангишт” майдончаи варзишӣ бунёд гардид, ки мавриди истифода қарор грифта буд. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар ин сафари хеш ба 20 нафар сокинони шаҳрак хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд. Воқеан, мардуми бофарҳангу бунёдкори шаҳраки Шӯроб имрӯзҳо хеле серкору сертараддуд ҳастанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки дар ободонию созандагии диёри хеш саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Г. ҲАКИМДУХТ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh