СИМОИ ИДОНАИ ШАҲР

Шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) соли 1938 дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ташкил ёфтааст. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, яъне соли 1993 мақоми шаҳрро гирифт. Дар рафти ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 пешниҳод намуданд, ки номи шаҳр ба Истиқлол иваз карда шавад. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми марти соли 2012 шаҳр номи Истиқлолро гирифт. Алҳол аҳолии шаҳр ба 18 ҳазору 46 нафар расидааст.

Шаҳр дар доманаи кӯҳҳои Қурама қарор дорад. Давоми сӣ соли Истиқлол масъулин ба он ҷаҳд доранд, ки шаҳр дар ҳама самтҳо ба пешравиву натиҷаҳои баланд ноил гардад. Доир ба самтҳои асосии расидан ба ҳадафи миллӣ раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода гуфт, ки Истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки баҳри рушди босуботи кишвари азизу маҳбуб қадамҳои устувор гузорем.

Маҳз бо кӯшишу талош ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва иродаи устувору шикастнопазири Пешвои муаззами миллат ва хиради азалии мардуми саодатманду сулҳхоҳи тоҷик Тоҷикистони мо аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, роҳи рушди босубот ва марҳалаи амалӣ намудани нақшаву ниятҳои неку созанда мушаххас гардид. Ба хотири рушди иқтидори саноатии шаҳр ва дубора эҳё намудани шаъну эътибор ва шӯҳрати пешинаи шаҳри Истиқлол бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой ташкил шуд, ки дар он корхонаи металлургии азим фаъолияти хешро моҳи ноябри соли 2017 оғоз кард. Боиси ифтихор аст, ки дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, қайд карданд: “Шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад” ва мо ба ин итминони комил дорем, гуфт раиси шаҳр.

 Ҳамчунин Даврон Зоҳидзода қайд кард, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат дар шаҳр ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ҶДММ “Нуқрафом” фаъолият доранд, ки дар оянда барои ҳамчун шаҳри муқтадири саноатӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардидан мусоидат менамоянд. Маҳз самараи Истиқлол аст, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт моҳи соли равон зиёда аз 18 миллиону 755 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ум 104,6 фоиз гардид. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 13 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ум ба 118,8 фоиз расид. Айни замон ҳама корхонаҳои шаҳр фаъолият мебаранд. Бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои бунёдкориву ободонӣ иборат аз 130 банд нақшаи чорабиниҳо барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ пешбинӣ гардида буд, ки он ба пуррагӣ иҷро гардидааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки тайи чанд соли охир таъмири бинои идораҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бунёди нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ, чароғонкунии чанде аз биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ ба субут расонида шуд. Ҳамчунин, роҳравҳои кӯчаҳои асосӣ сафолакпӯш ва биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бо тарҳу намуди замони муосир тармиму таҷдид ва рангубор шуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, сохтмони муассисаҳои таълимиву кӯдакистонҳо бомаром идома дорад. Дар ин самт низ сокинони шаҳр ба натиҷаҳои дилхоҳ расидаанд.

Пешвои муаззами миллат нисбат ба таълиму тарбияи насли нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва барои бо таълими зарурӣ фаро гирифта шудани наврасону ҷавонон тамоми шароитро муҳайё карда истодаанд. Боиси таъкид аст, ки бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯдакистони нав барои 240 нафар кӯдак санги асос гузоштанд, ки имрӯз бунёди он дар арафаи анҷомёбист.

Дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудани он ҷойҳои кории нав муҳайё гардида, нақшаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ пурра иҷро мегардад, гуфт раиси шаҳр. Барои таъмири муассисаҳои таълимии шаҳр соли равон 174 ҳазору 155 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Баробари ин, дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири Литсейи касбии техникӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳр давоми солҳои соҳибистиқлолӣ навоварӣ, бунёду сохтмони иншооти мухталиф ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарият ва масъулини шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд. Имрӯз шаҳри таърихии Истиқлол намои дигар гирифтааст. Кӯчаҳои шаҳр чароғону роҳҳо мумфарш, биноҳои истиқоматӣ таъмиру боғи фароғатӣ обод гардидааст ва сокинон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол мекӯшанд, неъмати бузургро поянда доранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh