МУСОИДАТ БА РУШДИ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ САҲАР”

Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда буданд, ки бо мақсади рушди соҳа воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи хӯроки паранда аз боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Баъди пешниҳоди имтиёзҳо дар вилоят шумори корхонаҳои парандапарварӣ бамаротиб афзоиш ёфт. Инчунин, корхонаҳои парандапарварӣ ва он коргоҳҳое, ки ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво машғуланд, аз соли 2018 инҷониб ба муҳлати шаш сол аз пардохти тамоми намуди андоз озод карда шуданд.

Тибқи маълумоти аз Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» дастрасшуда соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои парандапарварии вилоят дар маҷмуъ 807 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Даромади аз ҳисоби фурӯши тухм бадастомада бошад, ба 726,3 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Илова бар ин, дар давраи мазкур аз ҷониби субъектҳои парандапарварӣ дар маҷмуъ 11,3 миллион сар мурғи зинда ва 24,4 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол ва фурӯхта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 87 миллион сар мурғ ва 12,7 ҳазор тонна гӯшт зиёд мебошад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти пурсамар дошта, аз ҷумла, дар ноҳияи Спитамен корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” ягона корхонаест, ки ба истеҳсоли тухм машғул аст.

Бино ба гуфти мудири фабрикаи “Файзи саҳар ” Зоҳирҷон Исмоилҷонов, санаи 25‐уми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, аз корхонаи мазкур, ки дар Ҷамоати деҳоти Куруш воқеъ гардидааст, дидан намуданд. Воқеан, дар хоҷагӣ асосан мурғи тухмдеҳ парвариш карда шуда, айни замон 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад. Дар корхонаи парандапарварӣ дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол гардида, дар шаш моҳи соли равон он ба 12 миллион дона расонида мешавад. Бояд изҳор намуд, ки заминҳои корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 11, 03 гектарро ташкил намуда, дар он се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигоҳ доштани хӯроки паранда ва омода намудани он, дигар иншооти ёрирасон сохта, дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ зироатҳо кишт мешаванд. Зоҳирҷон Исмоилҷонов изҳор намуд, ки айни замон дар корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ машғул буда, раванди фаъолият дар фабрикаи “Файзи саҳар” бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст.

Бино ба гуфти масъулин, аз сехи истеҳсол ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр маҳсулот то ба анбори чиниши тухм интиқол дода мешавад. Сарвари корхона изҳор намуд, ки дастгириҳои давлатӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ давоми солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи “Файзи саҳар” таъсири мусбӣ расонид. Зеро маҳсулоти хӯроки паранда аз хориҷи кишвар, аз қабили Аргентина, Олмон, Германия, Қазоқистон ва Россия ворид шуда, аз боҷи гумрукӣ озод ҳастанд. Бо вуҷуди истеҳсоли зиёди маҳсулоти гӯштии мурғӣ ва тухм нархи ин навъи маҳсулот торафт рӯ ба афзоиш мениҳад. Сабабҳои ин ҳолатро мутахассисон дар гаронии нархи хӯроки паранда медонанд, дар ҳоле, ки воридоти онҳо аз боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Алҳол нархи тухм дар худи фабрика 70 дирам, хурдтараш то 60 дирамӣ муайян гардидааст. Аммо дар бозорҳо он аз 1 сомонӣ сар шуда, то 1 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад. Баъди гарон шудани нархи маҳсулоти гӯшти чорво мардум бештар ба гӯшти паранда ва тухм рӯ оварданд. Шояд аз сабаби талаботи зиёди мардум ба ин навъи маҳсулот нарх тамоюли болоравӣ дорад. Дар марказ ва шаҳру навоҳии вилоят баҳри таъмин бо маҳсулоти босифату арзон қариб ҳар ҳафта ярмарка‐фурӯши махсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад, ки дар ин ҷо корхонаҳои парандапарварӣ бо пешниҳоди маҳсулоти босифат ва нархи дастрас саҳми худро мегузоранд. Тавре ба мо аз ноҳия иттилоъ доданд, алҳол 30 дона тухм дар корхонаҳои парандапарварӣ 21 сомонӣ арзиш дорад. Баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат як қатор имтиёзҳои додашудаи давлатӣ дар ин самт ба поёнравии арзиши аслии маҳсулот бояд кӯмак расонад.

Бале, имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани фаъолияти соҳибкорони ватанӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки то ба пешрафти кор монеае эҷод нагардад. Афзудани корхонаҳои мурғпарварӣ ва истеҳсоли тухм дар кишвар барои зиёд шудани рақобат бо нархи нисбатан арзон пешкаш намудани маҳсулоти ватанӣ мегардад. Корхонаи “Файзи саҳар” низ мардуми ноҳияи Спитамен ва маркази ҷумҳуриро ба маҳсулоти хушсифат таъмин менамояд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh