Боздиди президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ

Дирӯз Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин ва доираҳои соҳибкории Россия аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии вилояти Суғд боздид намуданд.

Зимни шиносоии имкониятҳои саноатии вилоят таъкид карда шуд,  ки дар Суғд беш аз 700 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 15,5 миллард сомонӣ ё худ 1,5 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбати соли 2010 панҷ маротиба зиёд аст.

Дар вилояти Суғд барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ имкониятҳо фаровон аст ва соҳибкорони тоҷику рус метавонанд ба таври муштарак лоиҳаҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh